Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аммо онҳо як чақрим ҳам нарафта буданд, ки Восеъ аз паси тал намоён гардид.
Дар таги ӯ той якзайл калла ҷунбонида, тез–тез қадам партофта меомад. Вай акнун ба савори худ таслим шуда буд.
Дар пойи қалъа издиҳоми халқ ромкунандаи тойи ваҳширо бо нидоҳои пурғавғои таҳсину офарин истиқбол кард. Асп арақи гарм бароварда, рӯю гардану сари синаи пурпашми Восеъ ҳам арақшор буд. Вай мисли пештара қиёфааш ҷиддӣ буд, ғалоғулаи таҳсинкоронаи мардумро гӯё, ки намешунид ва ба он эътиное намекард.
Ба наздики соҳибмансабони савор расида аз асп пиёда шуда, лаҷоми онро ба дасти сарбози ғӯл дод.
Бек ба мулозимаш чизе гуфта буд, ки мулозим ба наздики Восеъ омада:
– Боракаллоҳ, ту дарвоқеъ, марди диловар будаӣ, – гуфт, – ҷаноби бек гуноҳи туро бахшиданд, ту акнун озодӣ.
Восеъ мебоист ба ҳоким ташаккур мегуфт, таъзим мекард, аммо вай дам назада ба канортар баромаду мӯкии соқдарози дар болои харсанг хобидаашро гирифта поҳояшро ба он халонид ва рост шуда футаи миёнашро маҳкамтар баст.
Бек рӯяш кареҳ шуд, чин бар ҷабин кашид. Ҳама хомӯш ва мунтазир буданд, ки акнун чӣ мешавад. Охир, рафтори Восеъ ошкоро ношукрӣ ва беҳурматӣ нисбат ба ҳоким буд.
– Тақсир! – Восеъ ба забон омада муроҷиат кард ба ҳоким. – Акнун ман озод ки шуда бошам, ба шумо як арз дорам.
Вай андак сукут кард, ҳоким пурсид:
– Чӣ арз?
– Арзам ҳамин, ки тақсир, шумо гуноҳи маро бахшидед, аммо ман ҳеҷ гуноҳ надоштам. Гуноҳ ба амлокдор аст.

пешина
аз 471
навбатӣ