Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Андозчинӣ дар авҷ буд.
Ин кор торафт ба худ ранги як ҷавлони ғоратгарӣ ва гирудори оммавиро мегирифт. Ба сари мардум рӯзҳое омаданд, ки он рӯзҳоро фақат ба замони фатҳи кӯҳистон аз тарафи Музаффархони хунхор монанд кардан мумкин буд.
Амлокдорон, закотчиён ба қишлоқҳо бо дастаҳои сарбозон ва навкарони мусаллаҳ мебаромаданд. Сарбозон, навкарон ба унвони рӯёнидани бақияи андози солҳои пеш на фақат ғаллаи деҳқононро, балки чорпо, меваҷот, коҳу хошоки ононро ҳам гирифта мебурданд.
Аммо бек Мирзоакрами мирохӯр бо ин ҳам қаноат намекард. Вай ба амлокдорон фармуд, ки аз деҳотиёни бебизоат духтарон ва писарони ҷавони онҳоро ба адои қарзашон баҳо карда бигиранд. Ин духтару писарҳои ҷавон барои канизакӣ ва ғуломии даргоҳи беки нав, мансабдорони нави ӯ ва инчунин барои пешкаш кардан ба амири нав ва қушбегии нави Ҳисор лозим буданд. Дараҳоро нолаю фарёд гирифт, фазои кӯҳистон аз дуди оҳи ситамкашон тира гашт. Бисёр касон зану бачаҳошонро гирифта ё ки партофта ба кӯҳҳо мегурехтанд. Дар қишлоқҳо ҳар рӯз ҷанҷол кашмакаш, занозании аҳолӣ бо андозчинон рӯй медод.
Дар Дараи Мухтор аҳолии кулфатзада, марду занҳои аз ҷон сергашта ба назди Восеъ меомаданд, зеро ӯ баъд аз воқеаи таги қалъачаи Балҷувон ном бароварда, сарвари интихобношудаи онҳо гардида буд. Аз вай мепурсиданд, ки чи кор кунанд, куҷо раванд? Оё аз ин бадбахтӣ ва мусибатҳо ягон роҳи халосӣ ҳаст ё не?
Аммо дар аввалҳо худи Восеъ ҳам дармонда буд, чи кор карданаш ва ба он мардуми бахтбаргашта чи ҷавоб доданашро намедонист.
Рӯзе аз рӯзҳо вай Нозим ва боз шаш нафар дараимухториёни тороҷдидаро ба худ ҳамроҳ карда ба Сарихосор, ба пеши Назир равон гардид.

пешина
аз 471
навбатӣ