АХТАРОНИ АДАБ

Сари роҳ ба деҳаи Боғи Зоғон даромада, Саидалии зувайриро ҳам бо худ гирифта бурд.
Вай бо ҳамроҳонаш якчанд рӯз ғоиб шуда рафтанд.
Мардум надонистанд онҳо дар куҷо ва ба чи коре машғуланд.
Дар ин мобайн овозае паҳн шуд, ки аз Бухоро ба Балҷувон закотчии амир омадааст. Гӯё аҳолии фалон ва фалон қишлоқҳо ба амир аз болои бек ва амлокдорон ариза фиристода будаанд, амир барои тафтиши кори ҳокиму амалдорон дар бобати ҷамъоварии хироҷу закот ҳамин одами худро фиристодааст. Одами амир панҷшанбе – рӯзи бозор ба Ховалинг омада арзи деҳқононро мепурсидааст...
Закотчиёни махсуси амир ба вилоятҳо пештар ҳам меомаданд. Вазифаи онҳо ин буд, ки андозчиниро тезонда, «ҳуқуқи султонӣ»–ро дар сари вақт ва бе каму кост рӯёнда ба Бухоро фиристонанд. Бо омадани онҳо бори гарони андозҳои давлатӣ гаронтар мешуд, ки сабук намешуд. Аммо ин дафъа, чун беки нав бақияи андозҳои пешинаро ба имсола зам карда, бо камоли саъю кӯшиш рӯёнда истода буд ва аз ин рӯ ба омадани вакили махсуси амир гӯё ҳеҷ эҳтиёҷе набуд, бисёр касон омадани ӯро ба некӣ нисбат медоданд. Охир онҳо умедвори ягон дигаргунӣ, ягон сабукие буданд ва умед бофандаи хаёлу орзуҳост.
Дар ин панҷшанбе дар бозори Ховалинг аз ҳар вақта зиёдтар одам ғун шуда буд. Барои закотчии аз Бухоро омадаро дидан ва сухани ӯро шунидан ҳатто аз қишлоқҳои дурдаст ҳам деҳқонон омада буданд. Ба зери чинорҳои сари ҳавзи воқеъ дар паҳлуи амлокдорхона як дусад нафар одам гирд омада, аз қалъача баромадани закотчиро интизорӣ мекашиданд.
Як маҳал посбонон дарвозаи қалъачаро кушоданд. Аз он ҷо бек Мирзоакрами мирохӯр бо ҳамроҳии як марди қадпасти пуррӯйи тунукриш берун омаданд, баъд амлокдори Ховалинг ва якчанд мансабдори дигар намудор шуданд, аз қафои онҳо чор сарбози милтиқдор баромаданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо