Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кӯҳистон фақат аз замин камбағал аст. Қитъаҳои калони замини корам аҳён–аҳён вомехӯранд. Пора–пора киштзорони сабзгун монанди дарбеҳҳои ҷомаи камбағали кӯҳистонӣ дар адирҳо паҳну парешонанд. Гандум, ҷав, арзан, ҷувориро аксари деҳқонон дар тоқиҳо баркашида мекоранд. Фалонӣ имсол даҳ тоқӣ ғалла коштааст бисмадонӣ понздаҳ тоқӣ…
Ҷо-ҷо обраҳае, селхонае, сое, ки кӯҳистониён сангобаш меноманд, дили кӯҳу талу кӯталҳоро чок карда ба водӣ рахна мекушояд. Ҳар кадоми ин рахнаҳо дараи танге мебошад. Яке аз калонтарини ин дараҳои танг дар самти шарқии водии Оби Мазор Дараи Мухтор аст. Аз даҳани дара дар масофаи як чақрим ба дарунтари он деҳе ҳамноми дара афтодааст, ки дар канори чапи сангоби хушк ҷой гирифта, қад–қадди он ёзида меравад. Вай банамуд аз деҳаҳои дигари кӯҳистон фарқе надорад – онро талу кӯталҳои питов, яъне росту баланд аз се ҷониб фишурда дар миёна нигоҳ медоранд. Ба миёнаҷойи деҳа қӯшачиноре ҳамчун ду бурҷи дидбонӣ сояандоз мебошад.
Ин қӯшачинор аз ҳавлии беруни Восеъ қад кашидааст.
Дарвозаи фарсудаи роғ–роғи ҳавлӣ ба тангкӯчаи пушти масҷид боз мешавад.
Дар ҳавличаи дарун ба ду хонаи пешайвону долондор оилаи Восеъ зиндагӣ мекунад. Дар ҳавлии берун меҳмонхона, ҷувозхона, оғилу каҳдон ҷой гирифтаанд. Аз пушти ҳавлӣ кӯчаи калони деҳа мегузарад; дар он бари кӯча аз баландие, ки бар болояш як қисми хонаҳо ва боғчаҳои бошандагони деҳа ҷой гирифтааст, чашмаи сардобе сар мезанад; оби чашма бо як новаи борик ба ҳавлии беруни Восеъ меояд ва аз ҳавлӣ ба ҳаёт – рӯйдаричае, ки мардуми маҳаллӣ онро ҳота мегӯянд, ҷорӣ мешавад. Ҳота, иборат аз боғча ва андак замини юнучқаву сабзавоткорӣ, дар мобайни ҳавлӣ ва сангоб воқеъ шудааст.

пешина
аз 471
навбатӣ