Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз байни мардуми бозорӣ садоҳои: «Восеъ!
Восеъ!» баланд гардид. Як маҳал аз пушти дарахтони сари кӯча як гурӯҳ саворон пайдо шуданд, ки асп давонда, чанг хезонда, мурғон ва сагони дар воҳима мондаро ба гӯшаю канорҳо гурезонда, таёқҳои дарозро дар болои сарҳошон чарх занонда, ҳаёҳу андохта рост ба тарафи чинорзор меомаданд. Дар сари саворон мардум Восеъро шинохтанд. Назир, Саидалӣ, Нозим ҳамроҳи ӯ буданд.
Восеъ дар дасташ милтиқ дошт, ки онро дар ҳамон рӯз дар Дараи Мухтор аз Ҷобири доруға зада гирифта буд, вай пайҳам ду тир паронд, дигар напаронд, зеро, ки дигар тир надошт. Назир ва Саидалӣ ба шоф ҳамла карда меомаданд. Ғулғула, ҳаёҳу, шавқуну сурун ба ҳаво печид; бозор пароканда шуд; бек, закотчӣ ва амалдорони дигар тарсону ҳаросон бархоста ба сӯйи қалъача давиданд. Сарбозони саросема бандиҳоро партофта, бетартиб якчанд тир холӣ карда, ҳамчунин ба қалъача гурехтанд. Як қисми мардуми ба изтироб афтода низ бо ҳамроҳии саворони Восеъ ба гурезаҳо ҳамлавар шуда, аз қафои онҳо сангпарронӣ карданд. Яке аз мансабдорон санге ба сараш хӯрда дар дами дарвозаи қалъача ғалтида монд, – вай закотчии амир буд, сарбозон ӯро бардошта кашон–кашон ба дарун бурданд. Баъд дарвоза маҳкам шуд. Аз паси дарвоза қасар–қасар овози милтиқ ба ҳаво тир мепаронданд. Мардум зуд дасту пойи бандиҳоро кушода раҳо карданд.
Умари Бузро кофтанд, вай дар вақти тӯпаланаг ба кадом кунҷе хазида пинҳон шуда буд.
Саворон яроқи оташфишон ки надоштанд, ночор аз ҳуҷуми ба амлокдорхона даст кашида, аз он дур шуданд.
Дар сари бозор Восеъ аз болои асп ба издиҳоми халқ чунин хитоб кард:
– Бародарон! Фақирон! Бихезед, ғазот кунед! Ҷавру зулм аз ҳад гузашт, мулк ҷазирбод шуд, халқон хору зор.
Манғит моро одам ҳисоб намекунад. Ӯ моро дар диёри худамон ғариб кард, бехонумон кард. Ҳоким, амалдор, сипоҳӣ халқонро гургворӣ медаранд. Корашон – бигиру бибар, бизану бидар аст, тамом.

пешина
аз 471
навбатӣ