АХТАРОНИ АДАБ

Кӯҳистониён фаҳмиданд, ки дар ваҷҳи омадани вакили амир чи умеди пуч ва хаёли хоме карда буаанд. Онҳо фиреби ниҳоят аламнок ва дардноке хӯрданд. Закотчии амир ана барои чӣ омада будааст! Яғмогарӣ, зӯроварии роҳзанона, даррандагии гургонаи бек ва амалдорони вай кам будааст, ки амир боз ба мадади онҳо ин вакили худро ҳам фиристодааст.
Пеш аз он ки ҳукми қатли бандиҳо баҷо оварда шавад, бек ҳам ба тақлиди закотчӣ ва ба оҳанги хитобати вай суханронӣ карданро лозим донист.
– Дарвоқеъ, шумо аҷаб мардуми ношукр, ҳақношинос будаед! –гуфт ӯ. – Пештарҳо, вақте ки амирони одил ва фуқаропарвари Бухорои шариф ҳанӯз мамлакати шуморо тасарруф накарда буданд, шумоҳо кӣ будед? Халқи ёбоӣ будед, дину шариати муҳаммадиро шунавида бошед ҳам, чӣ буданашро намедонистед, дарвоқеъ, ба куфру бидъат ғӯтида монда будед. Монанди гову хар хӯрдану риданро медонистеду халос. Шукр, акнун дар сояи давлати ҷаноби олӣ ва аз шарофати Қуббатулисломи Бухоро шумо аз файзи дину шариат баҳравар шудед, ба қатори одам даромадед. Боз шумоҳо ба ҷойи шукр кардан, ҷаноби олиро дуо кардан, ба ғуломони ҷаноби олӣ нофармонӣ мекунед, дағдаға мекунед. О, ин кӯрнамакӣ нест? Ношукрӣ, ҳақношиносӣ нест? Сазои кӯрнамакҳо, саркашҳо, ёғиҳо ана ҳамин! – гуфта, бек ба тарафи бандиҳо ишора кард. – Теғи адолати ҷаноби олӣ кунд нашудааст! Ана, бинеду ибрат гиред! Тавба кунед!..
Фақирон ин суханҳоро хомӯшона, аммо бо дили пурошӯб мешуниданд. Ҳолати рӯҳии онҳо монанди касе буд, ки баногоҳ дар рӯзи равшан дуздон ва қотилон ба хонааш зада даромадаанду вай намедонад дод гуфта ҳамсояҳоро ба мадад ҷеғ занад, ё ки тан ба қазо дода таслим шавад.
Бек ба ҳамин мазмун боз чанд сухан ронд.
Аммо сухани ӯ нохост бурида шуд: Дар бозор талотӯбе бархост, аз ҷониби шаҳрча тапар–тапари суми аспон ба гӯш расид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо