АХТАРОНИ АДАБ

Саворон дар пушти тале аз талҳои қади роҳ, аз роҳ як чорсад–панҷсад қадам канортар, пиёда шуда, аз оби зулоли чашмасор ташнагиашонро шикаста, каме дам гирифтанд.
Аммо одамон ва аспҳо ҳанӯз кӯфти роҳро набароварда буданд, ки дидбони дар баландӣ гузоштаашон – Ризо дар роҳ намудор шудани як даста саворонро хабар дод.
Абдуқодир тозон ба назди Ризо баромада нигоҳ кард.
Саворони омадаистода, бешубҳа, дастаи Кулӯх мингбошӣ буданд. Онҳо бешитоб, оҳиста–оҳиста асп ронда меомаданд. Аён буд, ки аспҳошон аз душманкобиҳои рӯзона монда шудаанд.
Бо фармони Абдуқодир одамони вай зуд ба аспҳо савор шуда дар пушти тал истоданд.
Аз сарбозони мингбошӣ аввал чор нафари пешгардашон гузаштанд. Онҳо бо ҳам гапзанон карда, хотирҷамъ асп меронданд, ба гирду атрофашон назаре ҳам намеандохтанд – аз афти кор ба бехатарии ин роҳ боварии том доштанд. Аз онҳо як дусад қадам ақибтар худи мингбошии қоқинаи бузриш дар сари дастаи асосии саворонаш бар аспи сафед нишаста меомад. Аз ин дастаи асосӣ як сесад қадам ақибтар чор–панҷ савори дигар ҳаракат мекарданд.
Абдуқодир сабр карда мингбоширо гузаронда фиристод. Саворони вай дар хамгашти роҳ аз назар ғоиб гашта буданд, ки панҷ нафари ақибгард омада ба камингоҳи Абдуқодир баробар шуданд. Он гоҳ Абдуқодир бо саворони калтакдораш якбора ба болои ҳамин панҷ сарбоз тохт.
Сарбозон худро гум накарда, рӯ ба қафо гардонда, аз туфангҳошон ба тарафи ҳуҷумкунандагон чанд қатор тир холӣ карданд. Ҳамон дам ду шӯришгар тир хӯрда аз аспҳошон фурӯ ғалтиданд. Дигарҳошон ба паҳлу – ба даруни теппаҳо хамида рӯ ба гурез ниҳоданд.
Овози тирпарониро шунида, аз пеш – аз дастаи мингбошӣ як гурӯҳ саворон асп тозонда омаданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо