Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Онҳо бо ҳамроҳии ин панҷ нафар шарикони худ гурезаҳоро сур карданд. Мингбошӣ пайдо шуда, ба болои банди Тути Қозӣ баромада, таъқибро назора карда истод. Дастаи шӯришгарон ба дара сарозер шуд, аз болои деҳи Яб гузашт, ба тарафи кӯҳи Чаган фирор кард. Сарбозон онҳоро то панҷ–шаш чақрим – то наздикии деҳи Бачкакон сур карда рафтанд, аммо чун аспҳошон рӯзона монда шуда буданд, ба гурезаҳо расида натавонистанд. Тирҳои парондаашон ҳам дигар ба нишон нарасид. Аз Бачканон овози муаззин баланд шуд, ки азони шомро мегуфт.
Таъқибкунандагон дар нимторикӣ ақиб гаштанд.
Онҳо бо фармони мингбошӣ сари он ду шӯришгари захмдоршударо қассобвор бурида, ба нӯги чӯбҳои дароз халонда бурданд. Аз қурбонҳо яке худи Абдуқодир буд, дигаре як деҳқони камбағали бачкаконӣ. Ду аспи онҳо ба сарбозон ғанимат афтод.
Восеъ ба Абдуқодир фармуда буд, ки ҳар гоҳ ки сарбозони Кулӯх мингбошӣ пайдо шуданд, ӯ ба тарафи онҳо фақат аз ягона милтиқи шикорӣ тире холӣ карда худро ошкор созаду гурезад, бо онҳо заду хӯрд накунад. Абдуқодир бошад ба таври худ рафтор намуд. Ӯ шаҳид шуд.
Аммо дастаи ӯ бо баҳои қурбонии сардори худ ва боз як қурбонии дигар ҳам бошад, вазифаро иҷро кард: мингбоширо қариб ду соат ба худ андармон карда дар роҳ нигоҳ дошт.
Дар ин миён Восеъ бемалол ба Мазори Додарак ҳаракат мекард.
Вай ба ин дараи танг фақат соате пеш аз мингбошӣ расида, дар торикии баъд аз хуфтан саворонашро дар камингоҳҳо нишонд. Дараро аз Саталмуш қатори талҳои паст ҷудо мекунад ва роҳ аз байни ду тал, ҳамчун аз ғуломгардиши дарвозахонае убур менамояд. Дар қарибии даҳани «ғуломгардиш» Восеъ дастаи Саидалиро шинак дод, ба тавре, ки мингбошӣ баъди баромадан аз бағали талҳо ба Саидалӣ пушт гардонда ба сӯйи мазор мерафт.

пешина
аз 471
навбатӣ