Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ду мерганро ӯ бо ду милтиқ, яке Бердан ва дигар шикорӣ, дар болои дунгӣ ҷойгир намуда фармуд, ки дар баробари ба дара дохил шудани мингбошӣ ба тарафи ӯ якчанд тир холӣ кунанд. Восеъ мехост бо ин тирандозии ногаҳонӣ душманро саросема намояд.
Ба Саидалӣ вай таъин кард, ки садои тирпаронии мерганҳо барои ӯ бонги ҳуҷум мешавад: бо шунидани ин садо ӯ бояд аз шинаки худ ҷаста ба сарбозон аз ақиб ҳамла оварад ва бо онҳо омехта шуда, ҷанги тан ба танро пайвандад.
Худи Восеъ бо саворонаш аз даҳани «ғуломгардиш»–и мазкур як чорсад қадам онсӯтар – ба даруни дарахтзори анбуҳи сари мазор камин гирифт. Вай баъди ҷанги тан ба танро пайвастани Саидалӣ, ҳангоме, ки сарбозон бо вай андармон ва аз имконияти ба кор бурдани яроқи оташфишони худ маҳрум мебошанд, баромада ба онҳо ҳуҷум хоҳад кард.
Аз рӯйи нақшаи Восеъ, мингбошӣ ногаҳон дар байни ду дастаи ҳуҷумовари шӯришгарон монда, саросемаву саргум гашта, мебоист шикаст мехӯрд.
Шароити пурхатар, вазъияти таҳлукаомез, муборизаи хунини бар гардан афтода, худ ба ин ҷувозкаши кӯҳистонӣ илми ҳарбро ёд медоданд. Вай бо он ақл ва фаросати зотие, ки дошт, ба таври худ тадбирҳо меҷуст, ҳилаҳо ихтироъ мекард.
Шаб он қадар торик набуд, ситоратоб буд, роҳ, дарахтон, харсангҳои дара, теппаҳо хира–хира намудор буданд.
Шӯришгарон дар камингоҳҳои худ футаҳоро маҳкам баста ва чашмҳоро ҳушёрона ба роҳи мингбошӣ дӯхта, таёқҳошонро ба ҳамлаи тезу тунд омода сохта истоданд.
Ҳоло посе ҳам аз шаб нагузашта буд, ки шаббодаи кӯҳӣ аз ҷониби Саталмуш садои суми аспонро ба гӯшҳо расонд.

пешина
аз 471
навбатӣ