АХТАРОНИ АДАБ

Ин овозаҳо дар байни аҳолии деҳоти Ҳисор низ ҳаяҷоне падид оварда буданд. Ҷанҷолу муноқиша, занозании аҳолӣ бо омилони хироҷу закот то рафт қувват мегирифт, ҳатто дар баъзе кӯҳу дараҳо дастаҳои «роҳзан»–и деҳқонон пайдо шуда буданд.
Остонақули сахтгир ба деҳу деҳкадаҳо сарбоз баровард, чандин саркашу ёғиҳоро дастгир карда оварда ба зиндон андохт, чӯбу дарра занонд, чандеро дар Регистони Ҳисор кушонд, ба дор кашонд, аммо бо ин ҳама ғалаёни аҳолӣ паст намешуд. Остонақул агарчи марди сангин ва ботамкине буд, ки ба ҳар бод аз ҷой намеҷунбид ва шӯру балвоҳои фуқаро ҳам барои ҳокими собиқи Шаҳрисабз чизи наве набуданд, аммо бо вуҷуди ин як воқеа хотири ӯро парешон карда монд. Воқеа ин ки миршаби Ҳисор дарвешеро ба ҳабс гирифт: дарвеш дар бозорҳо гашта ба мардум чунин хитоб мекардааст: «Ҳой халқ, тарсу набошед! Мардонагӣ кунед! Ба зулм тан надиҳед! Оё дар байни шумо мисли Восеъ ягон баҳодуре нест, ки қиём карда, ба фақирон сардор шуда манғитҳои золимро бизанад?!»
Вақте ки одамони миршаб дар бозори Ҳисор ин дарвешро боздошт мекунанд, издиҳом ғавғо бардошта вайро халос карданӣ мешавад.
Мирзоакрами мирохӯр дар номаҳои ба Бухоро ва Ҳисор фиристодааш Восеъ ва ёрони ӯро «як мушт дуздон, фитнаангезон, иғвопешагон» ба қалам дода, ба зудӣ дастгир ва несту нобуд карда шудани онҳоро ваъда карда, ҳукумати амир ва қушбегиро осудахотир намуда буд. Чун бек, бо вуҷуди шӯру ошӯби дар байни аҳолии вилояташ бархоста, дар ҷамъоварии андозҳо кӯтоҳӣ накарда, онро ба миқдори лозима ба хазинаи давлат супорида меистод ва ба замми он дар сари ҳар моҳ ба амир ва қушбегӣ пешкашҳои гаронбаҳо мефиристод, онҳо ваҷҳи балвои аҳолиро аз вай он қадар бозпурс ҳам намекарданд. Аммо акнун хатари ба вилоятҳои дигар ҳам паҳн шудани шӯру балво пайдо шуда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо