Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Остонақул инро медид ва ҳис мекард.
Ғайр аз ин баъзе аломатҳо гувоҳӣ медоданд, ки рақибони бухороии Остонақул ҳам ба ҷунбиш омадаанд, онҳо ҳаракат доранд, ки шӯру балвоҳои дар Бухорои Шарқӣ рӯй додаистодаро ба ноуҳдабароии ҳокими Ҳисор ҳамл намуда, вайро дар чашми амир бад кунанд. Ҷосусони махфии Шоҳмуҳаммад қушбегӣ ва Муҳаммадшариф девонбегӣ аз шӯру балвоҳои деҳқонон, аз рафтору кирдорҳои ҳокими Ҳисор хабаркашӣ мекарданд. Остонақул ба воситаи одамони худ мактуби махфии ба номи Шоҳмуҳаммад қушбегӣ навиштаи яке аз ҷосусони номаълуми вайро ба даст афтонда буд, дар он мактуб гуфта мешуд, ки ҳоким аз мири Балҷувон ришваҳои калон гирифта, айбҳои мирро рӯпӯш менамояд...
Бинобар ҳамаи инҳо, Остонақул қарор дод, ки ҳарчӣ зудтар, аз ғайри иҷозати амир, – зеро барои гирифтани «иҷозати олӣ» камаш ду ҳафта вақт лозим буд, – Мирзоакрами мирохӯрро шахсан дида, аз номи амир ва аз ҷониби худаш вайро аз ваҷҳи то алҳол зер карда нашудани шӯриши Восеъ бозпурс намояд.
Вай аз маҳрамони худ якеро ба Балҷувон фиристода таъин кард, ки бек фалон рӯз дар вақти намози пешин бо баҳонаи шикор дар Норак ҳозир шавад. Деҳи Норак дар соҳили Вахш – сарҳади ду вилоят воқеъ шудааст: агар ҳокимон дар ин ҷо мулоқот кунанд, ҳеҷ кадомашон аз ҳудуди вилояти худ таҷовуз накардааст ва агар ҷосусони махфии амир ё вазир аз ин мулоқот ба доруссалтана хабар кашанд ва амир эзоҳ пурсад, Остонақул ба вай хоҳад навишт ки мулоқоти ӯ бо амир тасодуфан дар вақти шикор иттифоқ афтод ва дуяшон бо ҳам дар Норак намози пешин хонданд вассалом.
Қушбегӣ бо сӣ нафар навкару ҷилавмерганҳои худ, бо туфангҳо ва бозҳои шикорӣ ба роҳ баромад. Барои намуд ду рӯз дар дашту теппаҳои байни Кофарниҳон ва Вахш ба шикори рӯбоҳ, кабк ва мурғони даштӣ машғул гардид ва рӯзи сеюм ба Норак расида, дар соҳили баландии Вахш хайма зад.

пешина
аз 471
навбатӣ