АХТАРОНИ АДАБ

Духтару писари ғарибро дар канортар, ҷое, ки як тӯда зини аспҳо гузошта шуда буд, шинонда монданд, навкаре ба дасти ҳар якешон яктоӣ дуто нон дод.
Дар хаймаи калон ҳокимҳо ду ба ду нишаста сари гуфтугузорро боз карданд.
– Гап занед, мирохӯр, сабаб чист, ки то ба ҳол қотилони закотчиро дастгир накардаед?
Остонақул дар ҳолате, ки дар пешгоҳи хайма чорзону нишаста буд ва тасбеҳи ёқутии худро мегардонд, нигоҳи чашмони аз чанги роҳ сурхшудаи худро ҳамчун ду дурафши тез ба чашмони Мирзоакрамбой халонд. Бек сархаму фармонбардор, дар тарафи рости вай зону зада менишаст.
Вай бе шитоб ба сухан даромада он чиро ки пештар дар номаи ба амир ва қушбегӣ фиристодааш «арзи бандагӣ»
намуда буд, такрор кард. Яъне марде «шарир, бебок, роҳзан», Абдувосеъ ном, як даста мисли худаш дуздон ва одамкушонро ба гирдаш ғун карда қишлоқҳоро тохта гаштааст. Кулӯх мингбошӣ вайро дар кӯҳу дараҳо даме дар як ҷо қарор гирифтан намонда, таъқиб менамояд.
Мингбошӣ аз шарикон ва тарафдорони Восеъ аллакай бисту чанд нафарашонро дастгир кардааст, ки онҳо дар зиндони Балҷувон мебошанд. Агар фармони олӣ содир шавад, ё ҷаноби қушбегӣ фармоянд, бандиҳо ба Бухоро ё ки ба Ҳисор фиристода хоҳанд шуд. Аммо ба ақидаи бек, беҳтар он аст, ки барои дар худи Балҷувон онҳоро «тасаддуқи сари мубораки ҷаноби олӣ» кардан иҷозат дода шавад. «Ин ғуломи ризоҷӯй» – Мирзоакрами мирохӯр камари бандагии ҷаноби олӣ ва ҷаноби қушбегиро маҳкам ба
1 миён баста, шабу рӯз дар адои хизмат кӯшо ва соъӣ мебошад. Ба худи ҷаноби қушбегӣ маълум аст, ки бо вуҷуди фасоду фитнаи Восеъ ва амсоли вай ба ками илоҳӣ ва лутфу меҳрубонии ҷаноби олӣ ва ҷаноби қушбегӣ, дар
Соъй – саъйкунанда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо