Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наздики пешин дар соҳили чап Мирзоакрами мирохӯр ҳам бо даҳ–дувоздаҳ нафар ҳамрикоби савори худ пайдо шуда, аз пули сангини Норак гузашта омад. Аз навкарони мир яке духтараки чордаҳ–понздаҳсолаеро, дигаре писарбачаи аз вай хурдтареро ба ақибаш савор карда оварда буд. Онҳоро аз хаймаи қушбегӣ дуртар пиёда карданд.
Чун қушбегӣ дар вақти вохӯрдӣ карданаш бо мир ба тарафи бачаҳо назари саволомезе афканд, Мирзоакрамбой дасти адаб ба пеш гирифта гуфт:
– Ғуломашон инҳоро ба ҳазратам як савғотии оҷизона овардам. Инҳоро дар як деҳа падарашон ба ушр ва закот баҳо карда дода буд.
Ба болои ин «савғотӣ» вай ба қушбегӣ боз як аспи сиёҳтуруқ бо зину абзоли гаронбаҳо оварда буд. Бек аз ногаҳон даъват кардани худаш ба назди Остонақул тарсида буд, медонист, ки ноиби ҷаноби олӣ ӯро аз боиси кушта шудани закотчии амир, ошӯби фуқаро ва қиёми Восеъ ба тоб хоҳад гирифт, бинобар ин мехост ба воситаи ин пешкашҳои зинда дами ғазаби эҳтимолии мавлояшро кунд кунад.
Остонақул ба пешкашҳои зиндаи бек эътино накард, нагуфт, ки оё онҳоро қабул мекунад ё намекунад. Дам назада офтобаи биринҷиро, ки пешхизмат об пур карда оварда буд, гирифта ба пушти харсанг гузошта таҳорат ба ҷо овард. Аён буд, ки вай аз Мирзоакрамбой хафа ва малол аст. Бек ҳайрон шуд, ҳаросида монд. Вай ҳам аз соҳили баланд бо обраҳаи хушк ба лаби об фуромада таҳорат кард ва пас зуд дар паҳлуи хайма ба ақиби Остонақул истода, футаи худро ба ҷойи ҷойнамоз паҳн карда бо ҳамроҳии мулозимони дигараш ҳамчунин ба хондани намози пешин шурӯъ кард.
Бӯйи иштиҳоангези кабоб ба димоғҳо мезад – навкарони қушбегӣ дар оташи гулханҳо гӯшти оҳу, кабк, мурғони даштиро кабоб мекарданд.

пешина
аз 471
навбатӣ