Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ман... намедонам, ҷаноби бек, шаб торик буд, – чопар ба замин нигоҳ кард.
«Надонистан»–и вай ба бек ва қушбегӣ он чиро, ки донистанашон лозим буд, дононд: бешак, мингбошӣ на фақат кушта, балки дастааш ҳам торумор шудааст.
«Омад ба сарам аз он чи метарсидам» – ба дил гузаронд бек.
Қушбегӣ ба вай бо як навъ ришханди заҳролуд нигоҳ мекард. Ин нигоҳ ба бек асари теғи ба гулӯ мондашудаеро дошт. Остонақул ришхандро ба кароҳати назар бадал карда аз қосид пурсид: – Тарсидед? Гурехтед? Майдон ба Восеъ монд?
Даҳбошӣ аз тарс ва шарм баданаш арақи сард баровард, забонаш лол гашт. Ҳамин қадар гуфта тавонист, ки:
– Онҳо... душман... аз мо як даҳ маротиб зиёд буданд...
Остонақул ба вай бо тасбеҳаш ишора кард, ки: бирав! дур шав!
Даҳбошӣ саросемавор таъзим карда пуштнокӣ аз хайма баромад. Дар хомӯшие, ки баъд аз баромадани вай ба миён омад, Мирзоакрамбой худро ҳамчун маҳкуми қатл ҳис мекард. Чиқ–чиқи муҳраҳои тасбеҳи Остонақул ба гӯшаш ҳамчун кордқайроқкунии ҷаллод мерасид.
– Тақсир, ман ин пешомади шумро ҳаргиз чашм надоштам, – ниҳоят боз ба забон омада, бо овози шафқатталабона гуфт вай. – Дар назди ҷаноби олӣ ва шумо рӯсиёҳ шудам. Муқассирам, мустаҳиқи итобам. Ҳар уқубате, ки дар ҳаққи ин ғуломи бахтбаргашта раво бинанд, мепазирам. Аммо агар ба карами банданавозӣ ин дафъа аз гуноҳам гузаранд, – сари дастархонатон нишастам, ба ҳамин нону намакатон қасам, ки аз ин ҷо ки баргаштам, худам биззот ба болои он малъунҳо баромада, то ҳамаашонро аз дами теғ нагузаронам, сардорҳошонро даст баста ба даргоҳи шумо нафиристонам, ба қалъа барнагардам.

пешина
аз 471
навбатӣ