АХТАРОНИ АДАБ

Остонақул ба сукути дуру дарозе рафт. Аз ҳодисаи рӯйдода кудурате ба дилаш ворид шуда бошад ҳам, вай ба ин воқеа бекро чандон гунаҳгор намедонист. Фақат ҳамин қадар дорад, ки бек чи андоза саркаш, ғаюр ва густох будани кӯҳистониҳоро ҳанӯз ба таври бояду шояд нафаҳмидааст. Шояд акнун чашмаш кушода шуда бошад ва аз ин баъд тадбирҳои пухтаву оқилона андешад.
Мирохӯр мунтазир буд, ки қушбегӣ чӣ мегӯяд, чӣ ҳукме мекунад.
– Маълум мешавад, ки дар маъракаи мингбошии шумо Восеъ зафар ёфт? – пурсид Остонақул.
– Зафар? Гумон намекунам, тақсир. Восеъ ин дафъа ҳам ҷангу гурез карда, ҷон ба саломат бурдааст, вассалом.
– Не, мирохӯр, шаҳид шудани мингбошӣ алҳақ зафари шӯришгарон аст. Акнун онҳо далертар шуданд. Ба Восеъ боз балвогарони бисёре мепайванданд. Дар ҷанг ҳар як ғалабаи хурд ҳам ғурур ва дағдағаи ғолибро зиёд мекунад, вайро ба васваса меандозад. Акнун Восеъ ба ин зудӣ дар Сурсақова гулхани ваъдагиашро даргиронда, қасди ҳуҷум ба Балҷувон кунад ҳам аҷаб не. Аммо... майлаш, монед ҳуҷум кунанд.
– Ҳуҷум кунад? – гашта пурсид бек. – Ин яъне чӣ, тақсир?
Остонақул аз афти кор ба худ қарор дод, ки муддаояшро бо мисол нағзтар фаҳмонда метавонад. Вай чунин нақле сар кард.
– Амири марҳум дар санаи ҳазору дусаду ҳаштоду
1 ҳафт, баъд аз фатҳи Шаҳрисабз ва Китоби Афросиёб, ба тарафи Шеробод ва Ҳисори Шодмон лашкар кашиданд.
Фақир ҳам дар рикоби олӣ будам. Ҳисор ба тасарруф даромада буд, аммо дар ақиб – дар атрофи Бойсун ва Деҳи
Соли 1870 милодӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо