АХТАРОНИ АДАБ

Оилаҳои хушбахте, ки камтарак орди гандум ё ҷав дастрасашон мегардид, он ордро ба орди гиёҳи хушконидаашон омехта ноне мепухтанд, ки андак ҳам бошад бӯй ва мазаи нони аслиро медод, вагарна нони холиси гиёҳӣ коҳу бемаза ва дилнокаш буд.
Восеъ дар адир ба як қитъа замине, ки дошт, гандуми баҳорӣ кошта буд. Ҳасан ва Давлат баъди чидани алафҳои хӯрданӣ ба адир баромада аз гандуми дунбулшудаи худашон якчанд хӯша сарак канда бурданӣ шуданд. Апаашон Гулъизор дар хона ин саракҳоро ба додараконаш дар хокистари гарм пухта медиҳад.
Гандуми дунбули дар хокистар пухта хеле бомаза мешавад, бачаҳо онро як каф–як каф хӯрда барвақт хоб мекунанд, то ки ба воситаи хоби кашол ранҷи гуруснагиро камтар кашанд.
Онҳо сарак меканданд, бехабар аз он ки Ҷобири доруға–дидбони киштҳои ғалла дар он ҷо ҳозиру нозир аст. Вай бо амри сардораш ва хоҷааш – амлокдори Ховалинг кишти ғаллаи деҳқононро дидбонӣ карда мегардад, то ки деҳқонон ҳосили ғаллаашонро пеш аз додани хироҷ сарф карда намонанд ё пинҳон накунанд. Доруға пайдо шуда, аввал якчанд дашноми ногуфтанӣ ба номи очаву ҳамшираи бачаҳо дод ва баъд омада аз гӯшҳошон гирифта, ҳар дуро аз гандумзор берун кашида, ду–се тарсакии дардноке ҳам ба рӯяшон фуровард. Саракҳои кандагиашонро аз дасташон рабуда бар замин афканда, бо қаҳр лагадкӯб кард.
Бачаҳо тубраи алафи худро пуштора карда гирёну нолон ва фиси бинӣ резон ҷониби деҳа раҳсипор шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё