Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун дар хона ҳозир шуданд, модарашон Аноргул аввал гумон кард, ки шояд онҳо дар кӯча бо бачагони дигар ҷанг карда шатта хӯрда бошанд, аммо чун аз нақли бачаҳо воқеаро фаҳмид, аз ҷувозхона шавҳарашро ҷеғ зад:
– Ҳой отаи Ҳасан! Ин ҷо баро, шунав сағираҳоят чӣ мегӯянд? Дод аз дасти манғит!
Ҷобири доруға агарчи ҳамдеҳаи Аноргул аст ва манғит нест, аммо дар назари ин занаки кӯҳистонӣ ҳар бедодгар ва ҳар амалдори хурду калон манғит аст. Даҳ–понздаҳ сол ин ҷониб, аз бозе ки амири Бухоро– Музаффархони манғит ба зӯри шамшер кӯҳистонро фатҳ ва кӯҳистониёни озодидӯстро асир гардонид, ин калима дар забони онҳо ҳамчун дашноми сахте ба кор бурда мешуд.
Восеъ китфи фарох ва тану тӯши пури худро аз дари ҷувозхонаи пастаки нимторик як қадар ба душворӣ берун карда, бо остини барзада ва дастҳои равғанолуди худ ҳозир гардид. Ӯ кӯдакони ҳанӯз аз гиря наёсудаи худро дида аз забони зани шӯридаву беқарораш воқеаро шунида буд, ки чашмҳои калон–калони сиёҳаш барқ заданд ва дар пешонии кушоди сиёҳтобаш ду чини ғафс дамид. Риши сиёҳи паҳну дарозашро қабза карда истода аз Ҳасан пурсид:
– Саракҳоро лагад кард? – Восеъро аз шатта хӯрдани бачагонаш ҳам зиёдтар, дар ин замони қаҳтӣ саракҳои гандумро хор ва убол кардани доруға оташин намуда буд.
Бача ҳиқ–ҳиқкунон:
1
– Лой–да… партофт. Ана ита–ита лагад кад, – гӯён почаҳои лойолудашро бар замин кӯфта чӣ гуна поймол карда шудани саракҳоро нишон дод.
Гулъизор бо алам доруғаро дуои бад мекард:
– Илоҳӣ, хонаат бисӯзад! Асло рӯзи нек набинӣ! – баъд духтар ба падараш рӯй оварда: –Ота, –гуфт, –ту Ҷобирро бигиру хуб бизан, ки аз кардааш пушаймон шавад!

. Ита-ита – ин тавр.

пешина
аз 471
навбатӣ