АХТАРОНИ АДАБ

Шасти Сангалӣ шикаста буд, вай дар як ҳолати тараҳҳумангез – бо сари хам истода аз замин чашм намеканд; аз рӯю гардани мисли чарми куҳна фарсудаву пурчинаш арақ мешорид.
Дар ҳамин вақт аз ҷониби Дашти Ёвон саворе намоён шуд, ки асп давонда меомад. Ин Қосим буд, аз дасти Одина ном саркардаи шӯришгарони деҳи Бачкакон, ки он дастаро Восеъ барои дидбонии роҳҳо пештар фиристода буд, омада буд. Вай хабар овард, ки роҳ бехатар аст, дидбонҳо то Оби Тира ва деҳи Хоссамоҳӣ рафта дар ҳеҷ ҷо аз сарбозон нишоне надидаанд. Одина ӯро бо ин хабар ба назди Восеъ фиристода, худаш бо дастааш дар болои деҳи Чорбоғ роҳҳоро дидбонӣ карда истодааст, – гуфт Қосим.
Восеъ додарашро боз ба назди Одина равон кард ва аспи мондашудаашро иваз карда боз бо тохти чорнаъл равон шуд.
Баъд Восеъ ҳам савор шуд, шӯришгарон боз ба роҳ афтоданд.
Сангалиро диданд, ки таёқро ёфта ба пушт карда, аз ақибтари пиёдаҳо ҳамчун саги чӯпон аз пушти рама, бо сари хам оҳиста–оҳиста омада истодааст... Офтоб ба қиём, ҳаво гарм, хоку реги роҳ ва сангҳо тафсон. Пайраҳаҳои борик одами зиёдро намеғунҷонанд – силсилаи мутаҳаррики мардум то ба ду чақрим кашол шудааст. Тӯда–тӯда пиёдаву савора дар бағали дара, дар таги шахҳо, дар баландию пастиҳо равонанд, кӯфти роҳ таъсир мекунад – суръати ҳаракат торафт сусттар мешавад тӯдаҳои мардумро агар аз каноре нигаред, ҳалқаҳои занҷири канда– кандаеро ба хотир меоранд, ки ҳар «ҳалқа» дар ҷое афтодааст. Боло мехазанд, пойин мехаманд, каҷу рост мешаванд.
Шӯришгарон боз дар ду манзил истода дам гирифтанд.
Ниҳоят саворон ва як қисми пиёдаҳои бақувваттар вақти хуфтан ба Чорбоғ расида қарор гирифтанд. Ақибмондагон дертар мерасиданд, то саҳар аз ин ҷо пойи одам канда намешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо