АХТАРОНИ АДАБ

Як қисми одамон умуман расида наомаданд, дар роҳ монданд. Дар Чорбоғ Восеъро Одина пешвоз гирифт, вай ғайр аз дидбонии роҳи Балҷувону Ховалинг боз бо ихтиёри худ вазифаи озуқағундориро ҳам ба уҳда гирифта, барои шӯришгарон аз аҳолии Чорбоғ ва қишлоқҳои наздики он асосан ба ҳисоби давлатмандон ва амалдорони гурехтагӣ як миқдор озуқа ва ему хошок низ ҷамъ карда монда буд.
Шӯришгарони мондашуда боғу роғ ва кӯю кӯчаҳои ин деҳаи калонро пур карда хоб рафтанд. Истироҳати онҳоро дидбону посбонҳои дар чандин ҷой гузошташуда муҳофизат мекарданд.
Дар бомдод Восеъ ба тарафи Балҷувон нахамида, балки лашкарашро ба роҳи Саталмуш – Ҷайракӯтал – Тути Қозӣ гардонд. Мехост дар Тути Қозӣ ӯрду занад. Вай бо чандин мулоҳиза ба ҳамин қарор омад. Аввалан, лашкари парешоншударо ҷамъ карда андаке ҳам бошад ба низом даровардан лозим буд. Сониян, ба Назир фурсат додан лозим буд, ки наздиктар биёяд: бо фармоиши Восеъ, паҳлавон бояд шӯришгарони сарихосорӣ, тавилдарагӣ, ёхсувиро бо роҳи Шаҳидон – Зувайр – Дараи борик ба болои Балҷувон оварда дар Буни Ҳайдар ба Восеъ пайвандад. Роҳи ӯ дур аст, мабодо, ки вай дар ҷойи пайвастани қувваҳо – дар даромадгоҳи Балҷувон Восеъро дер интизор карда монад.
Сеюм, агар мабодо сарбозон пайдо шуда монанд, Чорбоғ ва дараи танги оби Тира барои ҷангидан ҷойи нобоб буд.
Тути Қозӣ – банди (кӯҳи пасти) ҳамвор, болояш заминҳои ғаллакорӣ – тахминан дар миёнаи роҳи Балҷувону Ховалинг афтодааст, ки лашкари дар он истода роҳҳо, пайраҳаҳо, дараҳои атрофро таҳти назорати худ нигоҳ медорад. Бек агар ногаҳон ба ҷанг ояд, дар ин ҷо бо шӯришгарон коре карданаш мушкил ва шикаст хӯрдани худаш мумкин мебошад.
Дар чоштгоҳ банд ишғол карда шуд. Дар атроф дидбонҳо гузоштанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо