АХТАРОНИ АДАБ

Ҳофиз таронаи наверо, ки аз афти кор худаш баста буд, мехонд:
Ай ҷавру зулми мирон Гардида мулк вайрон Ҷазир гаштай фақирон Чи шӯрай ин дар майдон?
1 Ай қир шидан фақирон, Дайро ҷӯшид чун тӯфон.
Гулқурбон баъди ҳар банд нақароти суруди шӯришгаронро ҳар бор каме дигаргун карда месуруд, чунончи, ин тавр:
Восеъ, ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз.
Ғавғои рӯзи маҳшар,
Бар фуқарост имрӯз.
Халқи ба ҳофиз гирд омада сурудашро дар ғояти хомӯшӣ гӯш мекарданд. Восеъ хеста, чакманро ба китфаш партофта ба давраи сари гулхан рафт. Зуд аз паҳлуи ҳофиз ҷой холӣ карда ӯро нишонданд. Ҳофиз торафт табъаш монанди чашмаҳои диёраш саршор шуда, бо як хурӯшу туғёни дил нағма мекард. Чеҳраҳои сомеон ҷиддӣ, чашмҳо ба дур ё ба оташи гулхан дӯхтагӣ, – мисли ин буд, ки ҳама якбора ғарқи фикру хаёле гардидаанд. Гӯё, ки акнун якбора ба фаҳми ҷиддият ва бузургии кори пешгирифтаашон расида, дар ҳайрату андеша мондаанд. Дар поёни суруд Восеи мутаассиршуда ба ҳофиз миннатдорӣ баён кард:
– Шод бошӣ, додар, асло кам нашавӣ. Бо таронаат ба дилҳои мо қувват додӣ.
. Шуданд – дар ин ҷо ба маънои фуромаданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо