АХТАРОНИ АДАБ

Аспҳоро дар хилвати поёни банд ҷо карда, якчанд нафарро ба обу алафи онҳо мутасаддӣ намуданд. Восеъ дастаи тирандозонро, ки ҳамагӣ бист нафар беш набуданд, дар баландии қади роҳ шинак дод.
Дигарон гурӯҳ–гурӯҳ шуда, барои дамгирӣ ба сояи дарахтони чормағз, тут, садаву дӯлонаҳо хазиданд. Дар як дам, чун манзили лӯлиён, гулханҳо фурӯзон, дуд хезон, қумғонҳо ҷӯшон гардиданд. Ҷавонон шохҳои калони дарахтеро бурида, дар ҷойи баландтаре ба замин чор сутун зада, чӯб баста, ба болояш намадеро партофтанд: «хайма», дурусташ козаи Восеъ тайёр шуд. Восеъ дар он бо ҳамроҳии Саидалӣ ва Нозим ба истироҳат нишаст. Вай аз хӯрокворӣ чизе надошт, аммо шариконаш як миқдор гандумбирён, талқон, чормағзу писта, баъзеҳо гӯшти яхнӣ доштанд, ки бо мири худ ба ҳам диданд.
Баъд аз пешин Восеъ Нозимро бо бист нафар савор ва сӣ нафар пиёдаи таёқдор ба Ховалинг роҳӣ кард.
– Амлокдорхонаро лагад кун! – Фармон дод ба вай. – Агар ғалла, пул, газвор ба даст даровардӣ, ҳамаро бор карда биёр. Ҳаракат кун, ки амлокдорро зинда бигирӣ!
Ин аввалин вазифаи ҷангии мустақилонае буд, ки Восеъ ба Нозим супурд. Ховалинг акнун дар ақибгоҳи шӯришгарон мондааст, қалъачаи амлокдори он ҷо посбонони казоӣ ҳам надорад. Нозим метавонад онҳоро ба осонӣ шикаст диҳад – фикр мекард Восеъ.
Шаби ситоратоб даромад. Дар қароргоҳ ғалоғулаи чақ– чақ баланд буд. Мардум аз вазъияти пурхавфу хатари худ сарфи назар намуда ҳазлу шӯхӣ мекарданд, аския мегуфтанд. Саркарда дар «хайма»–и худ аз ҳар ҷо – ҳар ҷо хандаҳои қоҳ–қоҳ мешунид. Вай дар болои чакманаш дароз кашида ва бедор буд, шарикаш Саидалӣ масти хоб.
Як вақт дар берун аз байни гурӯҳе дринг–дринги думбра баланд гардид. Гулқурбон ном ҳофизи хамӣ дар давраи калони сари гулхан нишаста думбраашро соз мекард.
Баъд овози ҳалқумии соф ва баланде, мақоми синахароше оғоз ёфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо