Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ризо шармгину камҷуръат омада ба қатор нишаст. Восеъ бо ҷиддият ва бо овози аз муқаррарӣ баландтар – барои он ки Гулъизор ҳам дар даруни хона шунавад – гуфт:
– Аноргул! Ман духтарамон Гулъизорро ба Ризо номзад кардам. Шумо гувоҳ, – Восеъ ба соҳибхонаҳо муроҷиат кард. – Агар насиб бошаду аз ҷанг зинда–саломат баргардам ва Ризо ҳам баргардад, ман ӯро домод мегирам, сари дуяшонро ҷуфт мекунам. Агар насибам набошаду ман барнагардам, ин корро ту мекунӣ, Аноргул. Омин, Аллоҳу Акбар!
Аноргул ва соҳибхонаҳо аз ин ҳукми ногаҳонии Восеъ ҳайрон шуда, дармонда бошанд ҳам, беихтиёр дастҳошонро ба рӯй кашиданд.
– Нон бишикан! – амр кард ӯ ба хеши солхӯрдааш.
Пирамард як нони тунукро гирифта чор қисмат кард.
Ҳамин тавр ногаҳон, бе ҳеҷ муқаддима, бе ҳеҷ маслиҳату тайёрӣ вай духтарашро ба Ризо «фотиҳа» кард. Вай ба ҷанг равон буда, аз роҳ як сари қадам ба ин ҷо омада буд, ба риоя кардани ҳар гуна муқаддамоту русумот фурсат надошт. Ризо ба пинҳон кардани шодии дилаш кӯшида бо табассуми шармомез сар ба зер афканд. Аз даруни хона ҳеҷ овозе набаромад ва ҷунбише ҳам ҳис карда нашуд: аз афти кор, Гулъизор ҳам розӣ ва мамнун буд; ба ҳар ҳол падару модараш ба ин чиз шубҳа надоштанд...
Келини соҳиби хона барои худаш, Гулъизор ва укаҳои ӯ дар шипанги саҳни ҳавлӣ ҷогаҳ андохт (шавҳари вай дар меҳмонхона ҳамроҳи меҳмонон хоб кард). Албатта, шаб ҳама шаб Гулъизорро хоб набурд. Духтарак бо кадом як ҳисси шашуми худ ҳис мекард, ки Ризо ҳам хоб накарда дар ҳавлии берун гардиш дорад ва ҳол он ки аз шипанг то дару девори ҳавлии берун як панҷоҳ қадам масофа буд ва аз он ҷо ягон садое ё шарфаи пое шунида намешуд.
Посе аз ними шаб гузашта буд, ки вай диққат карда ба хоб будани ҳамхобаи худ ва калонсолони дар айвон хобида қаноат ҳосил намуда, оҳиста бархост ва бо нӯги пой ба дами дари берун рафт.

пешина
аз 471
навбатӣ