АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ бедор буд, ҳаракати духтарашро медид. Гулъизор дар паси тавораи пеши дар аз чашми падараш ғоиб шуд. Сонитар Восеъ ғиҷирроси кушода шудани дарро шунид. Бо фаросат дарёфт, ки Гулъизор бо Ризо мулоқот дорад. Тааҷҷуб кард: онҳо кай ва чи гуна ба ҳам ваъдаи мулоқот дода бошанд? Тағофул кард, кӯрпаро ба сараш кашида кӯшиш кард, ки хобаш барад. «Бигузор бо ҳам аҳду паймон банданд, хайрбод кунанд. Охир, дуяшон акнун арӯсу домоданд» – мегуфт вай дар дилаш.
Он чи ки баъд дар дами дари берун аз ғайри огоҳии Восеъ рӯй дод, ба ин қарор буд: Гулъизор гӯш андохта истода, ҳақиқатан дар берун шарфаи поеро шунид. Аз тарқиши дар нигоҳ карда сиёҳии мардеро дид ва Ризоро шинохт. Ба дар оҳиста ду бор ангушт зад. Ризо шунида ба паси дар омад. Онҳо ба ҳам ваъдаи мулоқот надода буданд, ба ин ҷо онҳоро садои ғайбии дилҳошон оварда буд.
«Ризоҷон, ин ман, Гулъизор» – пичирос зад духтар.
«Тамбаро бардор, Гулъизор!»
«Намешавад, шунида мемонанд»
«Оҳиста бардор, намешунаванд»
Тамбаи дар оҳиста бардошта шуд, дари хушк ғиҷиррос зад, аммо Ризо дар ин лаҳза ҳеҷ чизро намешунид. Вай маҳбуба ва арӯси худро маҳкам дар оғӯш гирифта, муҳри бӯсаҳои гарми пай дар пайро дар лабу рӯяш пахш кард.
Ин мулоқоти ду–се дақиқагӣ бе сухану бе садо гузашт. Чӣ ҷойи сухан! Оё сухане, калимае дар забон ҳаст, ки ин ҳама ҳиссиёти онҳоро, хушбахтии бекаронаи онҳоро ифода карда тавонад? Онҳо дар ин дам ҳамаро фаромӯш карда, фақат ҳарорати бадан ва гармии нафаси якдигарро ҳис мекарданду халос. Ниҳоят садои сулфае, ки аз айвон шунида шуд (сулфа ба пирамарди соҳиби хона тааллуқ дошт), онҳоро ба ҳуш овард. Гулъизор худро аз оғӯши Ризо оҳиста ҷудо кард ва ӯро сабук тела дода фаҳмонд ки:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо