АХТАРОНИ АДАБ

акнун баро, ман дарро маҳкам мекунам. Дастфишории маҳкам аҳду паймони умрӣ, қавли сидқу вафои абадии онҳоро ба якдигарашон ифода кард.
Дар Сурсақова ба Восеъ ошнои самарқандиаш Муллосафар интизор буд. Мулло аз оқибати кори Восеъ ба хавотир афтода, барои Восеъро бо панду насиҳат аз ин роҳи хатарнок гардонидан омада будааст.
Восеъ барои ба шӯриш муқобил баромадани Муллосафар аз вай ранҷида бошад ҳам, ҳозир ӯро бо ҳисси эҳтиром ва дӯстдорӣ ёд кард. Некии муллоро дар Самарқанд ба вақти дармондагӣ ва парешонҳолии ӯ ва Назир фаромӯш накарда буд. Меҳмонии думоҳа дар ҳуҷраи ориятии мулло ҳар сеяшонро бо риштаи маҳками дӯстӣ ба ҳам пайваста буд. Пояи ин дӯстиро ҳамфикрии онҳо дар бораи салтанати амирони манғития ва нафраташон ба ҳокимон, амалдорони бераҳми ҷафопешаи ғоратгар устувор медошт. Восеъ аз мулло миннатдор буд, ки вай бо суҳбатҳо ва нақлҳояш дар бораи бедодгарии амиру ҳокимон ва дар бораи «Эшони махдум»–и ношиноси ҳақгӯй ва ҳақпараст чашми ӯро калонтар кушоёнд.
Дар Сурсақова Назир ба Восеъ: «Мана бо домулло гап зан, ин кас ба шӯриш зид будаанд» гуфта, меҳмонро дар меҳмонхона бо Восеъ танҳо гузошта берун рафт. Восеъ ҳоло дар болои банди Тути Қозӣ ба фикру хаёлҳои гуногун ғарқ шуда, гуфтугӯйи бо Муллосафар кардаашро як– як ба хотир меовард:
«Восеъ, ту медонӣ, ки ман туро ба ҷойи додарам медонам, дӯстат медорам. Ту аз ҷумлаи он мардони камёбе ҳастӣ, ки ба дилу дидаи ман нишастаӣ. Бинобар ин ман аз коре ки ту пеш гирифтаӣ, дар хавотир мондаам. Ту ба ман гӯй, ин чӣ корест, ки ту мекунӣ?»
«Шӯриш, домуллои азиз. Ғазот».
«Ғазот, аз рӯйи дину шариат бо кофирон мешавад. Ту омӣ ки ҳастӣ, инро намедонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо