Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шумо кай боз ба одамгарӣ, инсофу адолати амирон, ҳокимон бовар мекардагӣ шудед, домулло? Порсол онҳоро ғофил, нокас, бедиёнат, душмани дину шариат гуфтагӣ кӣ буд? Магар худи шумо набудед? Акнун чӣ хел онҳо якбора адолатпеша, бодиёнат шуда мондаанд? Магар хироҷу закоти сесоларо аз халқ чинед гуфта фармон додагӣ ҳамин амир Абдулаҳадхон нест?
Ғайр аз ин, домулло, магар шумо аз кушта шудани закотчии амир, кушта шудани Кулӯх мингбошӣ ва фалон нафар сарбози ӯ хабар надоред? Магар намедонед, ки кор аз сулҳу салоҳ гузаштааст, чунки хун дар миён аст? Кори фақиронро бо ҳокиму амалдорон акнун фақат теғ, шамшер, таёқ яктарафа мекунад!
Ман мехоҳам як бор ба ин золимон, ба ин хунхорон, ба ин дарандагони дупо нишон диҳам, ки мо фақирон ҳам одамем, ҷон дорем, номус дорем, агар якдилу якҷон шавему хезем – онҳоро зада дандонҳошонро шикаста метавонем» Мулло–Сафар сар ба зер афканда чашмонашро пӯшид, сукут кард, дамаш ба дарун ғалтида монд.
Нисфирӯзӣ Восеъ ва ёронаш муллоро бо иззату икром ба Сарихосор гусел карданд. Вақти видоъ мулло дар болои хараш нишаста, ду даст бардошта Восеъро дуо кард:
«Илоҳӣ зафар ёбӣ, ба муроду мақсадат бирасӣ! Омин, Аллоҳу Акбар!»...


Наздики саҳар аз Нозим одам омад. Хабар овард, ки
Нозим қалъачаи амлокдори Ховалингро зер карда гирифт ва амлокдор Абдуқаюмбой ба дасти вай асир афтод. Вай, Нозим, ғалла ва дигар ғаниматҳои ба даст даровардаашонро ғундошта бор карда, то чоштгоҳ расида меояд.
Восеъ ва ёронаш аз ин хабар хушнуд шуданд. Чаро хушнуд нашаванд, ки корашон бо муваффақият рафта истодааст ва то ин дам онҳо ба ягон шикасте, нокомие дучор нашудаанд!

пешина
аз 471
навбатӣ