АХТАРОНИ АДАБ

Эътиқоди шӯришгарон бар ин ки ба сардорашон Восеъ ҳақиқатан Хизр назар карда будааст, боз зиёдтар шуд.
Аз ҷониби Балҷувон касе намеомад ва ҳеҷ ҷунбише ҳам дида намешуд. Ин ҳол Восеъро як дараҷа ба хавотир меандохт. Вай қарор дод ба Балҷувон одами худро фиристонад, то ки аз чигунагии аҳволи он ҷо хабаре биёрад.
Вақте ки ба ин қарор омад, вай аз «беғамии» худ ҳайрон шуд ва дар дилаш худро маломат мекард, ки чаро ин фикр пештар ба сараш наёмада, чаро ӯ то алҳол барои донистани вазъияти нишимангоҳи душман ва кору бори бек ҳаракате накард? Фавран ба Балҷувон ба таври махфӣ Кабир ном шӯришгар – ҳамдеҳаи Восеъ равона карда шуд.
Баъд Восеъ ба Саидалӣ шӯришгаронро машқи шамшерзанӣ ва таёқзанӣ додан фармуд. Гуфт, ки пиёдаҳои таёқдор бо саворон ҷангиданро машқ кунанд. Саидалӣ одамонро даста–даста карда дар ҳар ҷо – ҳар ҷо ба машқ андохт.
Чоштгоҳ Нозим бо дастааш аз Ховалинг фаро расид.
Одамони вай ба бисту як хар ғалла бор карда буданд, дар болои хари бисту дуюм Абдуқайюмбойи амлокдори дастбаста нишаста меомад, ба танаш яктаҳи даридаи хоколуд, поҳои бараҳнааш дар замин кашол. Деҳқонони аламзада, ки аз амлокдор ҷафоҳо кашида буданд, ба вай дарафтиданд. Агар Восеъ ва Нозим монеъ намешуданд, бойро зада кушанд ҳам аҷаб набуд.
– Восеъ, ба ман раҳм кун, – кӯдаквор гириста зорӣ мекард асир, – агар ман гандагӣ карда бошам, мана имрӯз хуб ҷафояшро кашидам. Ҳова кашидам, маро дар ин ду фарсанг роҳ зада–зада оварданд. Илоҳӣ барака ёбӣ, Восеъ, маро ҷавоб деҳ. Ман г.. хӯрда амлокдор шуда будаам, минбаъд кушанд ҳам намешавам. Ҳар чӣ дошта бошам, хоҳ ғалла бошад, хоҳ молу чорпо, ҳамааш аз они ту.
– Ҳоло дар ҳамин ҷо бош, бо ту баъд гап мезанем, – бо нафрат гуфт Восеъ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо