АХТАРОНИ АДАБ

Кабир тарсида иқрор шуд. Гуфт, ки ӯро Восеъ бо зӯрӣ ба шӯриш кашид ва ҷосуси худ кард, вагарна вай як бечораи беозор, аз шӯру балво безор аст. Он гоҳ бек бо таҳдиду наҳиб ба вай амр кард, ки дар байни шӯришгарон гашта аз онҳо ба қалъа хабаркашӣ кунад, яъне ҷосуси бек бошад, вагарна баъди зер кардани шӯриш (ин шӯриш, бешакку шубҳа, пагоҳ– бегоҳ зер карда шуда, шӯришгарон ба ҷазову уқубат мерасанд, – гуфтанд ба вай) хонаву ҷойи ӯ мусодира, зану кӯдаконаш асир ва худаш қатл карда хоҳад шуд. Деҳқони дар тарсу ваҳм монда ба ин ҳам розӣ шуд. Фармуданд, агар Кабир худро мусулмон шумурад калимаи шаҳодатро хонад вай хонд, он гоҳ «Каломи шариф»–ро оварда ӯро қасам доданд, ки дар қалъа бо бек вохӯрданашро ба касе намегӯяд ва ҷосуси махфии бек мешавад. Барои ҳар хабари овардааш ба вай пул ва чиз хоҳанд дод. Ин аст, ки қасам забони Кабирро баста буд. Аммо вай дар таҳти дилаш ба Восеъ содиқ буд, намехост ба вай бадӣ кунад.
Восеъ аз хабари сарбозфиристонии Остонақул ба мадади беки Балҷувон дар хавотир афтод. Қарор дод, ки ҳамин шаб – пеш аз расидани сарбозони ҳисорӣ ба мадади бек – ба болои Балҷувон юриш кунад. Вай фавран ба истиқболи Назир одам роҳӣ карда таъин ва таъкид намуд, ки ӯ лоақал бо нисфи одамони бақуваттараш аз бомдоди пагоҳ, дер намонда ба Сурхобдара расида биёяд. Ба тахмини Восеъ, Назир мебоист ҳоло ба Дараи Борик наздик омада бошад: агар шаб ба суръат роҳ паймояд, то субҳ ба ҷойи пайвасти ду гурӯҳи шӯришгарон, ки сари Сурхобдара аст, расида метавонад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо