АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Пайраҳаи изи мор аз банди Тути Қозӣ то Балҷувон бо хаму печи худ як фарсанги ростро қариб ду фарсанг гардонида, аз болои чандин деҳоти гумном бо таку тоз гузошта ба дараи Оби Тира сарозер мешавад. Дар ин дараи тангу борик вай ба печу тоб бо наҳрчаи ишвагар мусобиқакунон ба сӯйи дараи Сурхоб мешитобад.
Шабонгоҳ ин пайраҳа лашкари бо шитоб равандаи Восеъро камобеш дар се соат ба Сурхобдара баровард. Оби Тира аз дараи ҳамноми худ баромадан замон бо ҳамсояву ҳамсафараш – оби Гармак вохӯрда, ҳамроҳи он ба Сурхоб мерезад. Аслан Сурхобдара аз ҳамин резишгоҳи Тираву Гармак оғоз ёфта ба ҷануб ёзида меравад. Вай мисли водӣ калон ва фарох аст. Бандҳои Чорнукбия, Ҳайдар, Сувдара аз ҷониби шимол хазида–хазида омада, якбора дар ин ҷо қарор мегиранду аз бағали худ Сурхоби тундхӯ ва тундрафторро бароварда сар медиҳанд. Сурхоб дар ду чақрим поёнтар аз сари дара боз як наҳри дигар – оби Мазорро, ки ҳамчунин аз ҷониби шарқӣ омада ба ин дара мебарояд, ба худ фурӯ мебарад. Дар Сурхобдара ба пойгоҳи банди Ҳайдар чандин бек тутҳои садсола аз заъфи пирӣ қоматҳои хамида ва шохҳои каҷу килебашонро рост карда натавониста, ғарибу оҷиз истодаанд, ки тӯдаи мусофирони дар роҳ мондаеро ба хотир меоранд. Номи ин ҷой Тути буни Ҳайдар аст. Харсангҳои калон–калони дар гирду пеши тутҳо хобида, дар ин шаби ситоратоб ба назар мисли хароне менамоянд, ки дар соя орамида бошанд.
Шӯришгарон дар таги ҳамин тутҳо қарор гирифтанд.
Роҳпаймоии тези сесоата пиёдаҳоро монда карда буд.
Сеяки шӯришгарон ақиб монданд, нарасиданд. Восеъ лашкарашро дар ин ҷо дам дода, ба ақибмондагон ва ба Назир нигарон шуд. Мардум дар оби хунуки Сурхоб дасту рӯй шустанд ва баъд ҷо–ҷо даҳкасӣ–дувоздаҳкасӣ давра гирифта нишаста нону талқонҳои боқимондаашонро тановул карданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо