Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар роҳ мондагон ду–ду, се–се омада ҳамроҳ мешуданд. Як қисми онҳо – бештар солхӯрдагон, касалмандон
– наёмаданд, дар деҳаҳои қади роҳ монданд. Ба тарсу бим афтодагон дар арзи роҳ ба кунҷу канорҳо хазида ғоиб гашта буданд: лашкари шӯришгарон аз тарсуҳо, буздилҳо холӣ набуд.
Назир паҳлавон ба қарибӣ бо панҷсад нафар шӯришгарони худ вақти бомдод аз дараи Раҷабфақир сарозез шуда омад. Дар он дара вай Саидмерган ном ошное дошт, ки деҳқонони дараи худро ба шӯриш хезонда буд – паҳлавонон ӯро низ ҳамроҳи худ гирифта оварданд.
Восеъ ва Назир ба ҳам оғӯш кушода, китф ба китф молида вохӯрдӣ карданд, мисли ин ки якдигарро дер боз надида пазмон шуда бошанд. Аммо ин вохӯрии бағалкаш ифодаи ҳиссиёти изтиробомези онҳо буд аз кори бузурги пурхатари аз пеш истода.
Барои эҳтиёт аз ҳуҷуми эҳтимолӣ ва ногаҳонии бек як даста шӯришгарони бо туфангҳои бердану шикорӣ мусаллаҳшуда бо фармони Восеъ дар болои деҳи Сари мазор ба тали баланд шинак гирифтанд. Вай Саидмергани раҷабфақириро сардори ин даста таъин кард. Агар сарбозон пайдо шаванд, дастаи мерган бояд тирандозӣ карда, онҳоро пеш омадан намонад.
Чашми рӯз кафида дараро равшан кард. Ду чақрим поёнтар дар соҳили рости Сурхоб қалъаи ҳокимнишини урёну ҳайбатнок ба болои шахи калон қарор гирифтааст.
Вай ба як тарзи асроромез ва хавфангез сокиту ором мебошад. Дар рӯ ба рӯйи қалъа ба соҳили чапи дарё, дар даҳанаи дараи оби Мазор, ҷое, ки ин об ба Сурхоб мерезад, дарахтзори тирагуне ба назар мерасад, ки аз дарунаш чинорҳои хушкидасар, тӯбсадаҳои паҳновар ва қайрағочҳои пир қад кашидаанд. Ин ҷо яке аз муқаддасоти кӯҳистониён – мазори Хоҷа Балҷувон мебошад. Деҳае борику дароз, ба ном деҳи Сари Мазор, аз мазор сар шуда, дар пойи қатортали баланд хазида–хазида то қарибии Тути буни Ҳайдар мерасад.

пешина
аз 471
навбатӣ