АХТАРОНИ АДАБ

Вакилони бек аз ин кинояи ошкору дағал ва аз хандаи қоҳ–қоҳи омма гаранг шуда, ҳоло аз гарангӣ фориғ нагашта буданд, ки ногаҳон аз ақиби тӯдаи халқ марди ширинкор ва масхарабозе хареро чаппа савор шуда омада ба миёна даромад: вай саллаву ҷома карда буд ва тақлиди бекро менамуд, деҳқони дигар вазифаи хизматгории ӯро иҷро намуда, халачӯбе дар даст, их–их гӯён харро пеш меронд, «бек» ба ӯ гуфт: «Ҳой ясавул, ман ду ҳафта боз роҳ мегардаму чаро ҳеҷ ба Бухоро намерасам?» «Ясавул»
ба вай ҷавоб медод ки: «Охир, шумо чӣ тавр ба Бухоро мерасед, тақсир, харатон рӯ ба Бадахшон рафта истодааст–ку!» «Бек» вайро дашном дода фарёд мекашид ки: «Э аҳмақ, харам рӯ ба Бадахшон бошад, рӯйи худам ба Бухоро–ку! Ба сафар, кӣ баромадагӣ – ман ё хар?»
Боз қоҳ–қоҳ, ғулғула, ҳаёҳу...
Шӯришгарон кӯфтагии роҳи дур ва хатарнокии вазъияти худашонро фаромӯш карда хушҳолӣ менамуданд.
Мисли он буд, ки ин халқ бо ошкоро барафроштани алами исёни хунин ҳар гуна риштаи пайванд, тобеият ва итоати ба ҳукуматро барканда, тақдирашонро ба ҳар чӣ бодо бод ҳавола намудаанд. Дигар худро аз қайду шартҳо озод ҳис мекунанд. Аммо дурусттараш ин ки онҳо дар мағлубияти Кулӯх мингбошӣ ва коре карда натавонистани ҳоким бо шӯришгарон аҷзу нотавонии ҳукуматро дида, аз ғалабаи худашон дар Мазори Додарак, Ховалинг, Сарихосор ба зӯру иқтидори худ боварӣ ҳосил намуда, далер ва пурдил шуда буданд. Воқеан ҳам, фирори нангини ҳоким ва кушта шудани закотчии амир дар балвои Ховалинг, торумор карда шудани дастаи Кулӯх мингбошӣ ва кушта шудани худи ӯ, то алвақт барои ҷазову уқубати шӯришгарон қувваи казоӣ равона карда натавонистани ҳоким магар заифии ӯро нишон намедиҳад?..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо