Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ҳой, Восеъ! Ин чӣ масхарагӣ аст, ки ин мардум мекунанд?! – бонг зад Ҳоҷӣ Яъқуб. Хитобан ба халқ гуфт: – Шарм намедоред, аз Худо наметарсед, ки ҳокими худатонро мазоҳ мекунед? Ҷаноби ҳоким аз ғуломони содиқи ҷаноби олӣ мебошанд ва ҷаноби олӣ – подшоҳи Бухорои шарифанд, амиралмуъмининанд, бар сари мусулмонон сояи Худоянд. Ба ҳоким беҳурматӣ кардан ба подшоҳ беҳурматӣ кардан аст, ин гуноҳи азим мебошад. Гунаҳгор нашавед, мусулмонон, аз Худо битарсед!..
Аспи кабуди Ҳоҷидомулло гӯё суханони саворашро тасдиқ карда якзайл калла меҷунбонид. Маҳрамбошии туршрӯй дар болои зин бо як виқору такаббур, дастаи қамчинашро ба ронаш зер карда нишаста ба издиҳоми халқи побараҳна ё мӯкипӯш, чиркинлибос ва аксар сарутандарида аз зери абрӯвонаш бо кароҳат менигарист. Аз арбобҳои мӯйсафед яке бепарво ва хоболуд менамуд, эҳтимол, тарёкӣ ё нашъакаш буд, дигаре пиракии бардами беқарор, серҳаракат, ба суханони Ҳоҷидомулло «ҳа! ҳа!»
гуфта, калимаҳои охирини ӯро такрор мекард: «... Чаро мазоҳ мекунед?» «... Ҳа, сояи Худоянд». «... Ҳа, гуноҳи азим!»
– Восеъ! – боз ба сардори шӯриш хитоб кард Ҳоҷи Яъқуб. – Агар ту аслиҳаи аз Кулӯх мингбошии шаҳид гирифтагиро пас диҳӣ, ин мардумро пароканда карда ба қишлоқҳояшон гардонда фиристонӣ...
– Ҳа, ба шарте, ки гардонда фиристонӣ, – гардан ёзонд пиракии беқарор.
– ... Ҷаноби ҳоким розӣ ҳастанд, ки ушру закоти соли гузаштаро нисф кам кунанд ва аминона ҳам нагиранд.
– Ҳа, аминона намегиранд, – такрор кард пиракӣ.
– Фармуданд, ки ту вакилони худатро ба қалъа бифирист, то ки ҳоким аз забони онҳо шарту шароити туро шунаванду низоъро ба ризояти ту ва фуқаро бартараф кунанд. Ҷаноби ҳоким кашмакаш, ҷангу хунрезиро намехоҳанд, осудагии фуқароро мехоҳанд!

пешина
аз 471
навбатӣ