Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

... Дар қалъа навкарони ҳоким онҳоро ба як таҳхонаи нимторик ва заҳ дароварда, дарашро тамба заданд. Амлокдор ба навкарон кӣ будани худро гуфта, зорӣ кард, ки ҳабсаш накунанд, аммо навкарон гӯш накарданд, рафтанд.
Вакилони Восеъ ба доми мунофиқӣ афтодани худро фаҳмиданд.
Баъди як муддати дароз, ки камтар аз ду соат набуд, дар боз кушода шуд. Вакилонро ҳамроҳи амлокдор бароварда, бо тангкӯчае бурда ба як ҳавлии калон дароварданд. Дар ҳавлӣ ғайр аз се марди мулозимнамо дигар касе набуд. Вакилонро дар назди айвони дарози кандакорӣ ва гаҷкоришуда нигоҳ дошта, гуфтанд, ки дар ҳамин ҷо рост истанд, нанишинанд.
Баъди як ним соат бек Мирзоакрами мирохӯр ҳамроҳи якчанд нафар амалдорон ва мулозимони худ бо як карру фар аз дари ҳавлии дарун пайдо гардид. Вай ба сараш дастори ҳарири кабудранг баста, ба танаш ҷомаи абра– астари кимхоби қирмизии зардӯзӣ дошт, аз таги ҷома шамшери каҷи ҷавоҳирнишон овехта буд. Вакилон бе ихтиёру ирода, ҳамин тавр аз рӯйи одат, ки тарки он кори осоне нест, дастҳошонро пеш гирифта ба вай салом доданд, аммо ба саломашон на ҳоким алек гирифт ва на касе аз амалдорони вай.
Ба ногоҳ амлокдори Ховалинг пеш баромада, дуқат шуда ба назди ҳоким хиромиду дасти ӯро гирифта бӯсида гирякунон гуфт:
– Ғуломашонро ин малъунҳо асир гирифта буданд, бисёр азобам доданд, ҷаноби бек. Ман ба ҷаноби шумо расонидани арзу доди онҳоро баҳона карда аз дасти палидашон ба зӯр халос шуда омадам. Гапи ин ёғиҳои малъунро шунида нишастан ҳоҷат нест, хуни закотчии ҷаноби олӣ ва мингбошии шаҳид дар гардани инҳост! Сазои инҳо куштан, овехтан аст, ҷаноби бек, ҳова, овехтан!

пешина
аз 471
навбатӣ