АХТАРОНИ АДАБ

– Восеъ! Агар ҳоким «шартҳои шуморо қабул кардам»
гуфта қавл диҳад ҳам, баъд мумкин, ки аз қавлаш гардад, дар он вақт мо чӣ кор мекунем? Охир, ин ҳокимҳо беқавланд!
Садоҳо ва хитобҳои пуршӯру ғавғо ба шубҳаи Нозим шарик будани шӯришгаронро ифода мекарданд. Як нафар бошандаи деҳаи Устосафарӣ, аз буни гулӯяш то таги чашмонаш калон–калони мешиаш пури пашму риши сиёҳ, чунин таклифе даровард:
– Ҳоким қавлашро хату муҳр бикунаду биёрад ба мо бидиҳад. Қати қозиву ду–се муллои дигар биёяд, дар пеши онҳо ба қавлаш қасам бихӯрад. Баъд мирзои ҳоким он хатро дар бозорҳои Балҷувон, Ховалинг, Кангурт, Сарихосор ба халқон бо овози баланд бихонад. Агарки ҳамин тавр накард, ман ба қавли хушку холии ӯ бовар намекунам.
Боз ғалоғула, нидоҳои таҳсин, ҳамфикрӣ:
– Рост мегӯяд!
– Қасам бихӯрад ҳоким!
– Пеши халқон қасам бихӯрад!
– Гапи ҳамаи мо ҳамин!
– Гапи хушку холӣ фиреб аст!
– Мо фиреб намехӯрем!
Восеъ даст боло карда халқро ором намуд:
– Хуб, ин гап ба ман маъқул! Ҳамин тавр шавад!..
Вай ба Ҳоҷӣ Яъқуб ва шариконаш нигоҳ карда гуфт:
– Шумо то баргаштани вакилони мо дар ҳамин ҷо меистед.
Чӣ илоҷ! Вакилони бек зорӣ доштанд, ки зӯрӣ надоштанд. Хоҳу нохоҳ қабул карданд. Маълум буд, ки Восеъ онҳоро ба гарав нигоҳ дошт, то ки бек фиристодагони вайро боздошта ё ба онҳо осебе расонда натавонад, андеша кунад.
Гулқурбон ва шариконаш дар чор асп савор шуда равон гардиданд.
Амлокдори Ховалингро Ризо ба пушташ савор карда бурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо