Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ аз рӯ ба рӯ саворони таёқдорашро рост ба болои онҳо мебурд. Додхоҳ ҳамлаи ҷавобӣ сар кард. Ду гурӯҳ ба ҳам дакка хӯрданд.
Баъди як дақиқа аз даруни дарахтзори мазор Назир ва аз пушти мазор Саидалӣ расида омада худро ба душман заданд. Дар сангоби паҳлуи мазор ва миёни оби Мазор ҳарбу зарби пушиддати шамшеру таёқ ба вуқӯъ пайваст.
Таёқдорон, ки ба адад аз саворони додхоҳ чор карат зиёдтар буданд, онҳоро танг карда ба соҳили Сурхоб бароварданд. Аз ҳар ду тараф кушта ё захмӣ шудагон аз сари зинҳо мепариданд, аспони бесоҳибмонда шиҳа кашида ба ҳар сӯ мегурехтанд.
Баъди се–чор дақиқа дар соҳили дигари дарё як гурӯҳ саворони дигар пайдо шуданд. Инҳо лақайҳои Оллоёр буданд, ки ба мадади Раҷаб–додхоҳ мешитофтанд. Аз болои тали сари мазор тирандозони Саид–мерган ба тарафи онҳо аз туфангҳои Бердану сочма оташ кушоданд, дар миёни дарё се савори душман тир хӯрда ғалтид. Ба ин нигоҳ накарда, лақайҳо бо суръати тез пеш меомаданд.
Дар айни вақт дар баландӣ як дастаи калони сарбозҳои аз қалъа баромадаистода низ намудор гардиданд. Ҷариеро, ки қалъа дар болои он қарор гирифта буд, бо кӯтали Сурхакон як гарданаи борик, ки қили якторааш меноманд, мепайвандад – сарбозҳои савори аз қалъа баромада бо ҳамин гардана гузашта, ба деҳаи Сурхакон сарозер мешуданд. Дар сари онҳо саркардаи телпакдоре савори аспи сафед равон буд, ки шӯришгарон дарав шинохтандаш: вай Давлат қаравулбегӣ буд.
Аён буд, ки Давлат ба пушти шӯришгарон гузашта роҳи ақибнишинии онҳоро бастан мехоҳад. Бек шӯришгаронро аз се тараф печонда гирифтанист. Восеъ аз хатар пай бурд. Ва фаҳмид, ки чораи ягона – то ба соҳили чап гузаштани қаровулбегӣ ба Раҷаб–додхоҳ ва Оллоёр шикаст додан аст. Агар ин муяссар шавад, Восеъ баъд аз он лашкарашро ба муқобили Давлат хоҳад гардонд; аммо агар он муяссар нашавад, торумор шудан ногузир аст.

пешина
аз 471
навбатӣ