Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар як он ғанимат, ҳар як сонияи сустӣ ҳалокатовар буд. Ба расидани мадади лақайҳо сарбозони ҳисорӣ ҳам боз далер шуданд, худро сахттар ба набард заданд. Аҳволи шӯришгарон мушкил буд – мушкилтар шуд.
Агар ба инҳо як мадади ногаҳонӣ намерасид, корашон тамом буд.
Ин мадади ногаҳонӣ аз пиёдаҳо расид. Одина, ки аспаш тир хӯрда ғалтида, худаш пиёда монда буд, як гурӯҳ пиёдаҳоро аз паси девору дарахтони деҳи Сари Мазор бо шитобу ҷадал сар карда овард. Инҳоро дида, аз ҳар кунҷу камар пиёдаҳои дигар ҳам ба по хестанд. Ҳамаашон ғавғо андохта бо сардории Одина ҳамлаи тунде оварда, ба саворони худию бегона омехта, шохаҳо ва таёқҳошонро ба кор дароварданд. Соҳили Сурхоб санглох аст – сангҳо ҳам силоҳи ҷангии пиёдаҳо гардиданд. Назир паҳлавон бо Оллоёр шамшерзанӣ мекард – ӯро зада аз асп ғалтонд.
Тани пуру ғафси оқсақоли лақайҳо дар таги пойи аспҳо монд. Саворони гурӯҳе дар соҳил ва тӯдае дар даруни оби тез бо ҳам меҷангиданд. Восеъ бо Раҷаб–додхоҳи ростқомати қоқинаи сиёҳриш дар миёни дарё тан ба тан меҷангид. Яке аз зарбаҳои қаттоли шамшери вай ба китфи додхоҳ рост омада, дами шамшераш то ба устухони ӯ фурӯ рафт. Саркардаи шуҷоатманди Остонақул–қушбегӣ аз зин чаппа шуда порикоб гашт, (пояш дар рикоби асп дармонд). Асп ҷасади вайро дар об кашола карда мегурехт, ки сараш ба сангҳо мехӯрд. Дар ин миён қаравулбегӣ дар наздикии Тути буни Ҳайдар аз дарё гузашта ба пиёдаҳо ҳамла овард. Онон дар байни харсангҳо пароканда шуда, то метавонистанд бо таёқҳои худ ба саворони вай муқобилат мекарданд. Ҳисориёни Раҷаб–додхоҳ ва лақайҳо талафоти зиёд дода буданд, баъд аз кушта шудани сардорашон боқимондаи онҳо аз руҳ афтода, ба ҳамлаҳои издиҳоми сершумори савору пиёдаҳои Восеъ тоб наёварда ҳазимат карданд.

пешина
аз 471
навбатӣ