Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Гаравро ман барам, Назир ана ҳамин ҷомаашро ба ман медиҳад, – Нозим ба ҷомаи нави бароқи абра–астари Назир, ки ӯ дар хонаи бек ёфта, пӯшида гирифта буд, даст расонд, –агар ӯ барад – ман ҳамин ханҷарамро медиҳам. – Ин ханҷари дудамаи дастааш ҷавоҳирнишон низ ба Нозим дар қалъа ғанимат афтода буд.
– Назир чӣ қадар хӯрда тавонистанашро худаш медонад, ту гаравро бой медиҳӣ, – хандид Восеъ.
– Бой намедиҳам. Ӯ барраро агар хӯрда натавонад – ман мебарам, агар хӯрад ҳам ман мебарам, чунки баъди хӯрдани як барра Назир мекафад, ҷомааш ба ман мемонад.
Дар байни хандаи ҳозирон Назир:
– Барраро биёру бубин чӣ тавр мехӯрам! – гуфта боз «ҳавои даҳан» кард.
Баъди андак фурсат Ризо, ки дар ин зиёфат хизмати дастёриро адо мекард, аз ошхона як табақи калони пури гӯшти дунбаи пухтаро оварда ба пеши Назир гузошт. Ин миқдор гӯшту дунбаро чор–панҷ нафар одами гурусна хӯранд, сер мешуданд.
Назир остинҳои ҷомаи шоҳии бароқро боло кашида, дар зери барангезиши пурҳаёҳу ва хандаҳои қоҳ–қоҳи ҳозирон ба хӯрдани ин таоми гаравии худ шурӯъ кард. Ба наздаш як косаи чинӣ оби сарди чашмаро ҳам ниҳода буданд, вай баъди ҳар се–чор луқма аз он об як қулт менӯшид.
Дар байни нишастагон Саидалӣ набуд. Восеъ ӯро пурсид. Яке аз ёрон гуфт:
– Ман ӯро дар Намозгоҳ дидам, кабоб хӯрда, бозии масхарабозонро тамошо карда нишаста буд.
Восеъ бо ёронаш нақшаи кори пагоҳро маслиҳат карданӣ буд, мехост, ки Саидалӣ низ ҳозир бошад, аммо маслиҳатро бе вай кардан лозим омад.
– Мир гурехта халос шуд, – гуфта гап сар кард Восеъ, – ӯ, албатта, дар Кангурт хотирҷамъ намешинад, қувва ҷамъ мекунад, барои моро аз Балҷувон зада баровардан тайёрӣ мебинад.

пешина
аз 471
навбатӣ