АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Шабонгоҳ Балҷувон шаҳри оташафтодаеро мемонд.
Дар майдони пеши қалъа, бозоргоҳ, намозгоҳ, канори дарё шуълаи гулханҳо забона мезад. Дар гирди гулханҳо хурсандӣ ва дилхушиҳои идона дар авҷ буд. Аз қишлоқҳои атроф ҳам фақирони бисёре омада, издиҳомро зиёд карда буданд. Наъраи карнаю нағмаи сурнайҳо, бакбаки дуҳулу нақораҳо тантанаи шӯришгаронро пурсадо мекарданду онро то ба дараҳо ва деҳкадаҳои дур интишор медоданд. Дар дегҳои бисёре каллаю поча, гӯшту чарбуи гӯсфандон меҷӯшид. Нонвойҳо аз орду ғаллаи давлатмандон ва амалдорони бо ҳамроҳии бек гурехта, – онҳое, ки аз қамчинашон хун мечакид ва фақирон аз саги онҳоро тур гуфтан метарсиданд: Алайкбахшбой, Муъминбой, Сулаймонбой, Қайюм–туқсабо, Ҷалол–додхоҳ, Қурбон– қаровулбегӣ, Давлат–қаровулбегӣ Аллоҳёр–оқсақол ва ғайра, – аз гӯшти гӯсфандони инҳо имрӯз дошдегҳои шӯришгарон меҷӯшид ва аз орду ғаллаи мусодирашудаи амалдорон, нонвойҳо барои фотеҳон нони гарм мебастанд. Ашёи рӯзгор, анҷоми хонаҳои боёну амалдорон ҳам дар байни шӯришгарон тақсим меёфт.
Дар меҳмонхонаи калони гаҷкории қалъа сарони шӯриш маҷлиси зиёфат ороста буданд. Дар тоқчаҳо ба шашто шамъдон шамъҳо дар гирифта меистоданд, ки хонаро хеле равшан карда буданд. Вақте ки Восеъ баъд аз хоби сахти тӯлонӣ шустушӯ ва тағйири либос карда, аз хонаи дигар ба ин ҷо ворид шуд, Нозим бо шавқ ба вай хитоб кард:
– Восеъ! Назир мегӯяд, ки «танҳо худам як барраро мехӯрам». Дуямо гарав бастем, ту гувоҳ шав.
– Ба чӣ гарав бастед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор