АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ як нафар саворро бо хабари ғалабааш ба Балҷувон давонд ва худ ба вайрон кардани пули дарё шурӯъ намуд.
Табару тешаҳои норакиён дар як дам пулро барҳам доданд. Чӯбу сангҳои пул бо тараққо–туруқ ба дарё фурӯ ғалтиданд.
Восеъ як гурӯҳ савораву пиёдаро бо сардории Нозим дар он ҷо гузошта фармуд, ки қишлоқҳои амлокдории худро ба шӯриш бархезонад ва инчунин дар канори дарё дидбонӣ намуда, агар боз аз ҷониби Ҳисор сарбозон пайдо шаванд, ба вай огоҳӣ диҳад.
Худаш бегоҳии дер озими Балҷувон гардид.
Дар Балҷувон аҳвол ва рафтори кор соз набуд: аҳолии деҳоти атроф ба шӯриш ҷалб нашуда буданд, зеро овозаи лашкаркашии Остонақул мардумро тарсонда монда буд.
Илова бар ин, як қисми шӯришгарони дар Балҷувон монда бо баҳонаи дарави ғалла ва кӯфтани хирманҳояшон пароканда шуда ба деҳаю дараҳои худ рафта буданд. Назир фақат сесаду чанд нафар шӯришгар нигоҳ дошта тавониста буд. Вай дар бораи вазъият дар Кангурт низ ҳеҷ маълумоте дар даст надошт. Восеъ пеш аз сафари Вахш ду нафар одами худро пинҳонӣ ба Кангурт фиристода буд, ки аҳволи он ҷо ва кору бори ҳокими фироркардаро дониста биёянд. Онҳо барнагашта буданд. Назир ҳам баъд аз рафтани Восеъ аз ҷониби худ як нафарро ба Кангурт фиристода буд, аммо аз вай ҳам дарак набуд. Эҳтимол мерафт, ки онҳо дар он ҷо дастгир шуда бошанд.
Ин ҳама ҳол Восеъро ба хавотир андохт.
Аммо, ба иваз, он чи ки вай аз «ёғиҳо» – гурезаҳои кӯлобӣ, қаротегинӣ, дарвозӣ ва ғайра шунид, ба дилаш қуввате бахшид. Ин гурезаҳо беш аз панҷоҳ нафар буданд, ки хабари гирифтани Восеъ Балҷувонро ва гурехтани мирро шунида, барои ба шӯришгарон ҳамроҳ шудан омада буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор