Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Онҳо шӯру ошӯби аҳолии вилоятҳои ҳамсояро нақл карданд. Дар бисёрии қишлоқҳо деҳқонон хабари шӯриши Восеъро шунида ба ҷунбиш омадаанд, омилони хироҷу закот ва дигар амалдоронро дошта мезадаанд ва ҳатто мекуштаанд: дар баъзе ҷоҳо ошӯбгарон даста–даста бо гурӯҳҳо баромада рафтаанд. Амалдорон дар деҳот, бозорҳо, дар тӯю маъракаҳо ҷосус монда, одамони аз шӯриши Восеъ гап мезадагӣ, аз зулми ҳокимон шикоят мекар-
1 дагиро дастгир, ҳабс ва ярғу менамудаанд.
Ба исботи сухани гурезаҳо, аз нисфи рӯз сар карда, то пагоҳии рӯзи дигар ба Балҷувон гурӯҳ–гурӯҳ мардуми Кӯлоб, Муъминобод ва ҷоҳои дигар омадан гирифтанд.
Якто–нимтоҳо аспакӣ, қисме харакӣ, аммо бештаринашон пиёда буданд. Онҳо дар деҳаҳои худ шӯрида, чандин амалдору сипоҳиро зада ё кушта, амлокдорхонаро толон карда, оташ зада, ба ин тараф гурехта буданд. Корвонсаройҳо, чойхонаҳо, сарбозхонаи холимондаи Балҷувон аз гурезаҳо пур шуд.
Шаб посбонон ба қалъа ба назди Восеъ чор нафар лақайро оварданд. Як нафари онҳо солхӯрда ва сеи дигар ҷавон буданд.
2
– Кӯлобдан келдик. Туғайдан қочиб сенга келдик, – гуфт лақайи солхӯрда, ки номаш Қаробой буд.
Восеъ ӯро шинохт–мардак ба назди вай ба Сурсақова ҳамроҳи Туғай омада буд. Қаробой ҳамроҳонашро шиносонд, онҳо писарони худаш будаанд. Писарон аз бисту панҷ то сисола, ҳамаашон тануманд ва бақувват буданд.
Хеле монда ва гурусна буданд, баъд аз таом хӯрда каме дам гирифтан Қаробой–марди лоғарандоми зардинаи

1 .Ярғу – ҷарима, ҷазои нақдию молӣ.
. Аз Кӯлоб омадем, аз Туғай гурехта ба ту омадем.

пешина
аз 471
навбатӣ