Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ СИЮМ

Бек Мирзоакрами мирохӯр рӯзи бисту чоруми зилқаддаи санаи ҳазору сесаду чори ҳиҷрӣ рӯзи мағлуб шуданашро аз дасти Восеъ дар ҷанги соҳили Сурхоб сиёҳтарин рӯзи умри худ, рӯзи наҳсу нагбат номид. Вай дар ҳоли гурезогурез вориди Кангурт шуда, ба қалъачаи амлокдорнишини он ҷо бо чашми гирён дохил гардид. «Э дареғ, толеъ аз мо гашт, расво шудем!»–менолид ӯ ба дӯсти наздикаш – амлокдори Кангурт. Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис, Қозӣ Шаҳобиддин, Алейкбахшибой ҳам мегиристанд; он вақтҳо гиристани саркардагонро дар рӯзи сахт айб намешумурданд, балки инро нишонаи тоат, имон ва покдилии онҳо медонистанд. Дигар мансабдорон ва боён нагирянд ҳам, ҳолашон аз гиристан бадтар буд. Охир, оилаҳо, кӯшку айвонҳо, давлату сарватҳои онон ҳама дар Балҷувон «дастбурд»-и ёғию осиҳо, пойлучу сарлучҳои «малъун» гардида буданд. Ба ин аламу кулфати онон боз расвоӣ, шармандагӣ, зам шуд–шармандагии мағлубият, гурезогурез, шармандагӣ дар назди халқ, назди сағиру кабир, хосу ом. Илова бар ин, тарсу ҳарос аз ғазаби амир.
Онҳо ба рӯйи мардуми тамошогари дар кӯчаҳои Кангурт тӯбшуда маҷоли нигоҳ кардан надоштанд. Аз пеши он мардум бо сари хам мегузаштанд, Алейкбахшбой ба ҳамроҳаш Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис ҳасрат карда мегуфт:
«Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад, домулло».
Бек дар амлокдорхона ба саркардааш Давлат– қаровулбегӣ дарафтид «Гунаҳгор туӣ, ту! Вақте ки Раҷаб– додхоҳ ва Аллоҳёр бо шӯришгарон зантазанам мекарданд, чаро ту дер мондӣ, ба мадади онҳо нашитофтӣ? Чаро хотирҷамъ аз Қили яктора гузашта ба тарафи Тути буни Ҳайдар рафтӣ?» Қаровулбегӣ пойи маҷруҳашро ба табиб бандонда истода, узрхоҳона: «Ман Восеъро аз қафо заданӣ будам» мегуфт ва айбро ба гардани Аллоҳёри кушташуда мезад: «Аллоҳёр дер монд; агар дар сари вақт ба ёрии додхоҳ расида мерафт, шӯришгарон зарба мехӯрданд, гурезогурез мешуд дар он вақт ман сари роҳи онҳоро гирифта ҳамаашонро қир мекардам».

пешина
аз 471
навбатӣ