АХТАРОНИ АДАБ

– Нодон, ки ҳастӣ, ҳамаи лақайҳоро монанди Туғай номард, ваъдахилоф мешуморӣ.
Аммо, ман намедонам, ақидаи Восеъ ҳам дар ҳаққи мо ҳамин бошад ё не. Агар Восеъ ҳам монанди ту ба қавли мо бовар накунад, дигар ҷойи гап намемонад. Мо гашта меравем.
– Гашта куҷо меравед? – ба гап ҳамроҳ шуд Назир. – Гашта ба Кӯлоб равед – Туғай шуморо пӯст меканад.
– Пӯст канда шудан аз туҳмат шунидан авлотар! – зуд ҷавоб дод Наврӯз–писари калонии Қаробой, ки ҷавони тундхӯ ва базардае менамуд.
– Хуб, бо мо бошед, – гуфт Восеъ, – ман ба қавли шумо бовар кардам.
Вай ба замин нигоҳ карда ягон–ягон мижа мезад, хавотиркашона фикр мекард, ки агар Тӯғайи роҳзан бо тӯдаи каллабурҳояш ба мадади бек равад, қувваи бек хеле меафзояд, мубориза бо вай душвортар мегардад.
Вазъият дар қароргоҳи бек ҳамоно номаълум буд. Восеъ умеде дошт, ки лоақал яктои одамони ба Кангурт фиристодааш бармегардад ва хабаре меоварад, аммо аз он ҷониб касе намеомад.
Дар субҳидам яке аз дидбонҳо ба қалъа асп давонда омада, Восеъро бедор кард:
– Восеъ! Аз тарафи Кангурт сарбози бисёре омада истодааст!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор