АХТАРОНИ АДАБ

Вай барои ин ҳама саъю кӯшиши худ аз мир як ҷомаи нави алоча ва як ҷуфт мӯзаи пӯстихомии пошнобаланд инъом гирифт.
Акнун Балҷувонро мустақилона бе ёрии ҳокимони Ҳисору Кӯлоб гирифтан ягона хоҳишу таманнои дили мир гардида буд. Ӯ ғайр аз ҳамин аз Худо ҳеҷ чизе намехост. Муваффақияти ин кор забони ӯро дароз ва обрӯяшро барқарор хоҳад кард.
Рӯзу соатҳои интизории мадади Ҳисору Кӯлобро вай беҳуда нагузаронда буд: сафи парешонгаштаи сарбозонашро аз нав ороста намуда, лавозимоти ҳарбиро то ҷое ки дастрасаш буд ва имкон дошт, барои онҳо таҳия карда, аз навкарон ва хизматгорони амалдорҳо, бойҳо, аз байни аҳолии Кангурт ва атрофи он беш аз дусад нафар сарбози нав гирд оварда буд.
Бо ин қувва бек нисфи шаб ба тарафи Балҷувон саворӣ намуд. Мехост дар бомдод ба тавре, ки Восеъ дар ғафлат бошад, ба Балҷувон расида, якбора ба болои шӯришгарон ҳуҷум оварад.
... Дидбон Восеъро аз пайдо шудани душман огоҳ кард.
Восеъ нахустин бор саросема шуд. Вай ба ин ҷанг тайёр набуд. Фурсат ҳам ниҳоят танг омад.
Аммо чӣ илоҷ, бояд муқобилат кард, ҷангро бояд қабул кард.
Ӯ дар ғояти шитобкорӣ дусад савор ва ҳамин миқдор ҳам пиёдаҳоро ғун карда, ба дигарон мунтазир нашуда, гирдоварӣ ва сафороии қувваҳои боқимондаро ба Назир ва Одина ҳавола намуда, худаш ба истиқболи душман баромад.
Тарафайн дар се чақримии Балҷувон–дар болои деҳи Хуроб ба ҳам вохӯрданд. Дар ҷойи кушод сарбозон аз рӯбарӯй шиллик дода, аз шӯришгарони савораву пиёда чандеро куштанд, чандеро маҷруҳ карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор