Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баъд лақайҳои Туғай аз рост ва саворони бек аз чап ҳаёҳу андохта, бо шамшерҳои бараҳна ба болои онҳо тохтанд. Сафҳои шӯришгарон пароканда гашт, қисман гурезогурез ба амал омад. Назир ва Одина ҳоло расида наёмада буданд. Саворони Восеъ метавонистанд, ки дар мавриди даркорӣ ақиб нишаста аз зери зарбаи душман бароянд, аммо дар ин ҳол қир шудани пиёдаҳо муқаррар буд. Восеъ ба пиёдаҳо фармони ақибравӣ дод ва худ бо саворонаш муқобилат намуда, душманро муддате андармон карда истод, то ки пиёдаҳо ҳарчи ақибтар рафта худҳошонро аз хатар раҳонанд. Саворони душман се баробар зиёд буданд, Восеъ яқин кард, ки гарчанде Назир ва Одина расида биёянд ҳам, дар муқобили ин ҳамлаи тезу тунди душман дер истодагӣ кардан маҳол аст ва мардум беҳуда нобуд мешаванд, бинобар ин вай Ризоро фармуд, тозон рафта ба Назир гӯяд, ки ҳамаи пиёдаҳоро ва шӯришгарони кӯлобию муъминободиро тез аз дарё гузаронда ба дараи оби Мазор бикаш!.
Вақте ки Ризо ба пойи қалъаи Балҷувон расид, Назир ва Одина бо қариби саду панҷоҳ савор ва беш аз ҳазор пиёда, аз он ҷумла бо гурезаҳои кӯлобию муъминободӣ аз шаҳр баромада истода буданд. Назир бо гирифтани фармони Восеъ ба дараи Боймӯш кашидани пиёдаҳоро ба Одина вогузор карда, худаш дар сари саворон чорхез ба мадади Восеъ шитофт.
Бо расидани вай муқобилати шӯришгарон ба душман зӯртар шуда бошад ҳам, дар асари камии қувват ва қурбонии зиёд онҳо ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд. Дар задухӯрди шадид беш аз сад нафари онҳо кушта ё маҷруҳ шуда аз саф баромаданд. Лақайҳои Туғай дар байни шӯришгарони савор Қаробой ва писарони ӯро шинохта, ба онҳо тунд дарафтиданд, падару писарон панҷ–шаш нафари онҳоро зада аз аспҳо фурӯ ғалтонданд, куштанд, аммо оқибат пирамард ва ҳар се писари ӯ низ ҳалок гардиданд.

пешина
аз 471
навбатӣ