АХТАРОНИ АДАБ

– боз ба худ савол медод Восеъ. – Не, тамом нашудааст, – ба дилаш мегуфт ӯ, – тамом нашудааст. Моро лат доданд, лекин мағлуб накардаанд: охир, ин қадар халқ ҳанӯз бо ман аст (ман хуб кардам, ки пиёдаҳоро ба ҷанг накашида, дар сари вақт ба ин тараф гузаронда аз зарба ва балки аз ҳалокат наҷот додам). Нозим дар Вахш сари роҳи Остонақулро гирифта истодааст. Дар гирду атроф балво, шӯриш; дар Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ҳам халқ дар ошӯб ва ҷунбиш. Не, шӯриш тамом нашуда, балки рӯз то рӯз авҷ гирифта истодааст. Сустӣ набояд кард...
Аммо ҳозир чӣ кор бояд кард? Куҷо бояд рафт? Агар ба тарафи Ховалинг, Сарихосор, Тавилдара, Хингоб биравем, мардуми он тарафҳо хоҳанд гуфт, ки Восеъ шикаст хӯрда гурехт. Бек ҳам имрӯз ё фардо аз думболи мо афтода, қишлоқҳоро тороҷ ва хароб, халқонро қир хоҳад кард.
Ана дар он вақт шӯриш ҳақиқатан зарба мехӯрад, маҳв мешавад... Чӣ бояд кард?»..
Ниҳоят ӯ хомӯшии дуру дарозро вайрон карда, ба миёни ҳамроҳонаш савол партофт:
– Чӣ кор мекунем, ёрон?
Ҳама ба вай рӯй гардонданд ва пас боз ба замин чашм дӯхтанд.
Одина гуфт:
– Ба Ховалинг рафтан лозим. Дар он ҷо дам мегирем, боз одам ғун мекунем.Баъд аз он ту боз дар тори Сурсақова гулхан месозӣ, Восеъ. Мир сарбоз барорад ҳам, дар кӯҳсори он тарафҳо ҳеҷ коре карда наметавонад, монанди Кулӯх мингбошӣ сарсон шуда, оқибат шикаст мехӯрад.
Саид–мерган ба фикри Одина ҳамроҳ нашуд. Ӯ гуфт:
– Намешавад. Кор аз даст рафт, Восеъ. Ба тақдир тан додан лозим. Халқро ҷавоб бидеҳ, ба деҳу дараҳояшон бираванд. Худи мо бо ту ба хоки Қаротегин ё Дарвоз мегузарем, аз он ҷо агар мир сур кунад, Афғонистон меравем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор