АХТАРОНИ АДАБ

Яке аз сардорони кӯлобиҳои гуреза–Шералӣ ба Саид– мерган гуфт:
– Мардуми шумо ба деҳу дараҳои худ мераванд, мо куҷо меравем? Ба Кӯлоб, ба чанги сарбозон, ҷаллодон
1 Абдураҳмон–додхоҳ? Ту фикри моро накардӣ? Охир, мо бо паноҳи шумо, ба паноҳи Восеъ омадем!
Назир ба ошнои мерганаш таъна зад:
– Тарсидӣ? Аз шӯриш пушаймон шудӣ?
– Гап ба тарсидан не, Назир, – гуфт Саид–мерган. – Миёни мо шикаст, акнун аз дасти мо чӣ кор меояд? Ҳеҷ кор намеояд. Аз паси кори ношуданӣ гаштан фоида надорад.
Юсуф–мерган ва боз чанде дигар бо Саид–мерган ҳамфикр шуданд.
– Ба тақдир тан додан лозим, Назир, – такрор кард Саид–мерган, аз қувват ёфтани фикраш далер шуда.
– Тақдири занғар ҳоло маълум нест! – аз ҷой ҷаста ба дуруштӣ гуфт Давлат Аюби ховалингӣ. – Аз ҳариф як мушт хӯрда гурехтан номардист. Мо манғитро чандин мушт задем, ӯ акнун як мушт зад. Даррав монему гурезем? Чаро шӯриш кардем?
– Агар ман медонистам, ки ту ҳамин хел буздил будаӣ,
– ба Саид–мерган рӯй оварда гуфт Назир, – ба Худо, ки туро аз дараи Раҷабфақир хезонда намеовардам.
– Хуб, ман буздилам, ту шердил, ту гап зан, ман шунавам, – ранҷида гуфт Саид–мерган. – Чӣ мефармоӣ, мо чӣ кор кунем?
– Ман гапи Одинаро маъқул медонам, – ба Восеъ нигоҳ карда гуфт Назир. – Ба Ховалинг рафта боз тайёрӣ мебинем, корро меҷунбонем...
Дар ҳамин вақт дар хамгашти пайраҳаи қади оби Ховалинг се марди ношинос пайдо гардиданд. Дидбон онҳоро ба назди Восеъ овард. Ҳар се хеле абгор, пойлуч, нимба-
. Абдураҳмон-додхоҳ мири Кӯлоб буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор