АХТАРОНИ АДАБ

Қарор дода буд, ки ба Кангурт юриш кунад. Ҳозир Кангурт аз сарбозон холист ва гирифтанаш осон. Восеъ ба чунин фикре омад, ки фатҳи Кангурт якбора чандин мушкили ӯро осон мекунад:
аввалан, руҳи афтодаи шӯришгаронро мебардорад; сониян, аҳолии он тарафҳоро ба шӯриш мехезонад; сеюм – агар мабодо Остонақул қушбегӣ ба Балҷувон лашкар кашад ва ба гузаштан аз Вахш ҳам муваффақ шавад, роҳаш аз болои Кангурт меафтад, дар ин сурат бо қувваи шӯришгарони руҳбаландшуда ва шумораашон афзуда ба ҳисориён муқобилат кардан мумкин мешавад. Бек бошад, бигузор ҳоло ба саришта кардани муттафиқони роҳзанаш
– лақайҳои Туғай андармон шуда истад. Вақте ки Туғай аз ғорату яғмо сер шуда ба Кӯлоб баргашт, аҳолии ба ҷон расида ва то алвақт ба шӯриш ҳамроҳ нашуда ба муқобили бек хоҳанд шӯрид ва он гоҳ – агар насиб бошаду дар Кангурт муваффақияте ҳосил шавад, ба бек шикаст додан он қадар мушкил нахоҳад буд...
Восеъ ин андешаҳои худро ба ёронаш дар роҳи Кангурт изҳор кард. Онҳо нақшаи сардори худро маъқул донистанд ва бори дигар ба ақлу тадбири ӯ тан доданд.
Вай дар Қарақамиш ном деҳаи сари роҳ Ризоро бо бист нафар савор ба ҷониби Вахш – ба Тутқавул гардонд.
– Тез асп бирон, дар ҳеҷ ҷо наист, – фармон дод вай ба Ризо, – ба пеши Нозим бирав. Ба ӯ бигӯ: «Восеъ фармуд:
агар ҳисориҳо биёянд, то зӯрат расидан ҷанг бикун, ҳила бикун, онҳоро аз дарё гузаштан намон! Пайдо шудани ҳисориҳоро дарав ба ман хабар бидеҳ!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор