АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ СИЮ ЯКУМ
... Дар лаби Вахш, сари пули Норак, Нозим дувоздаҳ нафарро ба дидбонӣ гузошта, худ бо одамони боқимондааш ба Тутқавул баргашт. Ин деҳи калон аз Норак ним фарсанг дуртар ба миёни дараи фарохе афтода, ҳамчунин дар соҳили чапи Вахш ҷой гирифтааст. Дар ин ҷо дарё нисбатан ором ҷорӣ шуда, соҳили росташ ба кӯҳ такя мекунад. Ин соҳил дар рӯбарӯйи деҳа – ба дарозии ду чақрим – ҳама аз санги суфаест, мисли ин ки дасти одамӣ сохта ва сангтарошони гулдасташ тарошида бошанд. Соҳили чапи дарё оҳиста–оҳиста боло рафта ба деҳа мепайвандад ва он аз аввали баҳорон то дами зимистон ҳамчун саҳни чаман сабзу хуррам аст. Бегоҳрӯзиҳо, баъд аз кору бори рӯзона, бошандагони мардинаи деҳа баромада, рӯйи гилеми сабзу нарме, ки табиат дар ин соҳили дарё густурдааст, паҳлу зада истироҳат менамоянд, бачагон бозиҳо мекунанд. Чун роҳи калон аз ҷониби водии Ҳисор ба тарафи кӯҳистон бо қади деҳа мегузарад, мусофирон ҳам, албатта, дар ин ҷо таваққуф намуда, дар самовархонаи лаби об чойи сабз нӯшида дам мегиранд.
Нозим, баъд аз он ки Восеъ ӯро амлокдори Тутқавул таъин кард, якбора хулқу атвораш дигаргун, ҳаракаташ, шишту хезаш калонгирона ва сипоҳона, нигоҳаш ва гуфтораш омирона шуда монд. Вай дониста ё надониста тақлиди баъзе соҳибмансабони Ховалингу Балҷувонро мекард, ки одамонаш инро дида дар дилашон механдиданд ва ба якдигар нигоҳҳои маънидор мекарданд.
Вай дар солҳои муҷаррадии худ қиморбоз буд (албатта, қиморро махфӣ мебозид, зеро амлокдор, яъне раис, амину арбобҳо қиморбозонро уқубат мекарданд, ҷазо медоданд).
Баъди хонадор шуданаш ҳам, ба ҳукми масали «Дили одаткарда балои ҷон аст», дар бағал ё соқи мӯкии ӯ буҷулҳо пайдо мешуданд, аммо ин то даме буд, ки вай аз бисоти худ ҷомае, бузе ё ки нимча ғаллаеро дар қимор бохта, ҳадафи таънаю маломати занаш гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор