АХТАРОНИ АДАБ

Агар қушбегӣ биёяд, қушбегиро ҳам мезанад. Ку биёяду рӯзашро бинад! Худи амир аз Бухоро бо сад ҳазор лашкар биёяд ҳам, ба Восеъ зӯраш намерасад. Шумо ёрӣ диҳед, фуқаро. Ба Восеъ лашкар диҳед, озуқа диҳед, ему хошок тайёр кунед. Иншоаллоҳ Восеи баҳодур Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз Лақайбегӣ, Ҳисорро ҳам мегирад. То худи Бухоро меравад, туғашро дар болои манори калони Бухоро мезанад. Мард бошӣ, биё ба ҷанг! Восеъ ғазо кард, аз ғазо намонед, мусулмонон!..
Вай дар поёни суханронии худ ба Азими Гӯл ном марди тутқавулӣ, ки ба шӯришгарон пайваста буд, хитоб карда гуфт:
– Азимбой! Ту бачамардҳо, бузбалаҳоро ғундору лашкар соз кун!
– Хуб! – қабул кард Азим.
Баъд Нозим бархоста ҳамроҳи ёронаш ба ҳавлии амлокдори собиқи гурезаи Тутқавул равон шуд.
Ҳавлии ӯ дар ҷойи баланди деҳа ба паҳлуи қалъача воқеъ шуда, дарвозадор ва боғчадор буд. Одамони дар он ҳавлӣ мондаи Нозим дар таҳхона як хум мусаллас ёфта буданд. Онҳо надонистанд ин мусалласро чӣ кор кунанд.
Нозим ва ёронаш – деҳқону чӯпонҳои кӯҳистонӣ мусалласро дар умрашон нанӯшида буданд ва нӯшидани онро аз рӯйи эътиқоди мусулмонии худ гуноҳ медонистанд.
Охир муллоён, мӯйсафедон магар ба онҳо аз хурдсолӣ талқин намекарданд, ки шароб ба шариат ҳаром аст? Аммо ҳар он чӣ мамнуъ бошад, ширин аст, – сабил монад, дил мекашад... Аввал фақат барои мазаашро чашидан ҳар кас як қулт нӯшид. Чун хуштамъ ва хушгувор омад, як қулт ба ду–се қулт гузашт. Сипас ба ҳукми зарбулмасали:
«Шароби муфтро хатиб ҳам мехӯрад», шариат билкул фаромӯш шуда, косаи сафолин давра гаштан гирифт. Таҳхонаи хилват ба шавқу завқ ва ҳаёҳу пур шуд. Ёрон ҳама ҳозир буданд – ҷой тангӣ кард, он гоҳ хумро муттафиқона бардошта берун бароварданд. Дар суфаву шипанги боғи амлокдор дастархони зиёфат паҳн карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор