Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баъд аз он боз муддате аз ин шуғли ношоистааш даст кашид. Занаш Зевар занаки серғурбат ва шаттоҳе буд, ки гарчанде баъзан аз шавҳари худ шаллоқҳои бераҳмона хӯрад ҳам, боз гарданаш нарм намешуд, аз ғурбату моҷаро бознамеистод: ӯ аз он заноне буд, ки дар ҳақашон мегӯянд: «Ба замин занӣ, ба осмон хез мекунад». Нозим бо вуҷуди бадфеълӣ ва бадҷаҳлии худ оқибат боз маҷбур мешуд ба Зевар гардан фарорад. Оре, вай одами бадҷаҳл ва бадфеъл, худрой ва базардае буд, бо андак баҳона ё ҳатто бе ҳеҷ баҳона бо одамон ҷанг мекард, даст ба гиребон мешуд. Аммо бо касоне, ки дӯст ва улфаташ буданд, ниҳоят мӯнис ва содиқ, хушрафтор, дидадаро ва хизматгузор буд. Барои дӯст ҷонашро ҳам дареғ намедошт. Восеъ ҳамин хислати Нозимро писандида бо вай дӯстӣ мекард. Боз ҷуфти гову заминронии шариконаи дуяшон пояи ин дӯстиро устувортар гардонида буд. Ӯ Восеъро аз худаш донотар ва зӯртар ки медонист, вай ҳар чӣ гӯяд, қабул ва ҳар коре, ки фармояд, бе қилу қол иҷро менамуд.
Бо фармони Нозим бошандагони мардинаи Тутқавул дар соҳили дарё ғун шуданд. Нозим ба китфаш чакмани сиёҳ ва ба миёнаш шамшер дар ҷойи баланд бар рӯйи пӯсти паланг бо савлату салобат нишаста буд, ёрон дар гирдаш ба таёқу туфангҳои худ такя карда рост меистоданд; ҷавоне ба ӯ дар пиёлаи балғамӣ чой мекашид. Ӯ бурути сиёҳи наълмонандашро молида, саққои чашмони кулӯлаашро гирд гардонида ба тӯдаи мардум мегуфт:
– Минбаъд ман амлокдори шумо, ки бошам, гапамро шунавед, фуқаро. Ба дарё дигар пул–мул нест, минбаъд пойи манғит ба ин ҷоҳо намерасад. Мир аз худамон шуд, мири мо Восеъ аст, вазираш Муллоназир. Ба Восеъ Хизр назар кардагӣ аст, амиру ҳоким, амалдорон ӯро ҳеҷ кор карда наметавонанд. Ӯ Кулӯх мингбоширо зад, Раҷаб додхоҳро зад, Давлат қаравулбегиро зад, Оллоёрро зад.

пешина
аз 471
навбатӣ