АХТАРОНИ АДАБ

Аз кафидани кулӯлачаҳо ва шиллики туфангҳо фақат аспҳои ҳисориён андак рамиданд, аммо ба худи онҳо ҳеҷ зараре нарасид.
Аммо тӯдаи норакиҳои ба лаби дарё расида ба воҳима ғалтида тит шуда рафтанд, ҳар кас саросема дар чуқуриҳо ва паси пуштаҳо ба худ паноҳ ҷуст. Сарбозон боз онҳоро задаю кӯфта ҷамъ карда ба роҳ андохтанд.
Гурӯҳи Остонақул ба тарафи камингоҳи ошкоршудаи шӯришгарон аз туфангҳо оташфишонӣ кард. Вале чун шӯришгарон дар пушти харсангҳо ва шахпораҳо шинак гирифта буданд, аз оташфишонии душман зараре надиданд. Аз афти кор, Остонақул гумон кард, ки душман гурехт ё агарчӣ ҳанӯз дар шинакҳои сангини худ нишастани шӯришгаронро донад ҳам, ба онҳо аҳамият надода, кори парруксозиро ҷунбонд. Одамон арра мекашиданд, табару теша мезаданд.
Дар шинаки шӯришгарон ба ҳар як туфанг дуто–сето тир монда буду халос, туфангдорон ин тирҳои охиринро сарфа карда, дигар намепаронданд. Фақат аз се туфанги сочмаи шикорӣ гоҳ–гоҳ тирпаронӣ карда мешуд, аммо ин ҳам суде намебахшид, зеро дар соҳили рост будагонро пуштаҳо ва дунгиҳо як дараҷа панаҳ мекарданд. Ризо ду кулӯлачаи боқимондаро монанди аввала бе ҳеҷ натиҷа паронд. Баъд аз он бо бақияи борут аз замбаракчаи худ сангпаронӣ кард, ба ин тариқ, ки ҳар бор даҳ–дувоздаҳто сангчаи бо калонии чормағзро ба даҳони замбаракча андохта борутро оташ медод, сангчаҳо мепариданд, аммо ба соҳили рост нарасида, ё расанд ҳам, аз соҳил даҳ–бист қадам онсӯйтар напарида меғалтиданд. Вақте ки борут ҳам тамом шуд, Ризо бо қаҳр замбаракчаҳоро як лагад зада ба дарё афканд – ин силоҳ акнун бори зиёдатӣ буд.
Наздикии офтобшинам ҳисориён ҳашт гупсарро дам дода, ба ҳам баста дар об андохтанд ва чӯбу тахтаҳои васлшударо ба болои он гупсарҳо партофтанд. Шаш сарбоз шаш аспро етал карда ба амади ба ин тариқ сохташуда даромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор